Душанбе, 04 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Тоҷикистон баргузории яке аз муҳимтарин ҳамоишҳои байналмилалии соҳаи иқлимро бомуваффақият анҷом дода, мавқеи худро ҳамчун иштирокчии фаъоли рӯзномаи ҷаҳонии рушди устувор боз ҳам устувортар намуд.

Аз 29 июн то 2 июл дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 45-уми Шӯрои идоракунандагони Фонди иқлими сабз (Green Climate Fund — GCF) баргузор гардид, ки натиҷаҳои он барои рушди иқтисоди «сабз» ва мутобиқшавии кишвар ба тағйирёбии иқлим аҳамияти стратегӣ доранд.
Дар ҷараёни ҷаласа маблағгузории 11 лоиҳаи байналмилалии иқлимӣ барои 10 кишвари рӯ ба рушд ба маблағи умумии тақрибан 700 миллион доллари ИМА тасдиқ гардид. Тоҷикистон дар баробари Индонезия, Непал, Ветнам ва Қирғизистон аз ҷумлаи кишварҳое мебошад, ки лоиҳаҳои нави он аз ҷониби Фонд ҷонибдорӣ шуданд.
Муҳимтарин натиҷаи ҳамоиш барои Тоҷикистон тасдиқи ду лоиҳаи миллӣ ба маблағи умумии 190 миллион доллари ИМА мебошад, ки аз ин маблағ 62 миллион доллар ҳамчун гранти бебозгашти Фонди иқлими сабз ҷудо карда мешавад. Қисми дигари маблағ аз ҷониби институтҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд таъмин хоҳад шуд.

Лоиҳаи аввал ба маблағи 30 миллион доллар барои баланд бардоштани устувории ҷамоатҳои деҳот нисбат ба таъсири тағйирёбии иқлим пешбинӣ гардидааст. Он 14 шаҳру ноҳияи ҷумҳуриро фаро гирифта, татбиқи технологияҳои муосири сарфаи об, такмили идоракунии захираҳои об ва рушди боғҳои интенсивиро дар бар мегирад.
Лоиҳаи дуюм ба навсозии инфрасохтори обтаъминкунӣ ва шабакаҳои коммуналӣ равона шудааст. Дар шаҳрҳои Роғун, Данғара ва Хуҷанд таҷдиди системаҳои оби нӯшокӣ, шабакаҳои корез ва каналҳои муҳими обёрӣ амалӣ мегардад. Маблағгузории он тавассути ҳамгироии грантҳои GCF ва қарзҳои дарозмуддати Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд сурат мегирад.
Бо тасдиқи ин ташаббусҳо ҳаҷми ҳамкории Тоҷикистон бо Фонди иқлими сабз ба марҳилаи нав ворид мегардад. То имрӯз бо дастгирии GCF дар кишвар аллакай нӯҳ лоиҳа ба маблағи умумии 173,5 миллион доллар дар соҳаҳои гидрометеорология, энергетика, ҳифзи экосистемаҳои кӯҳӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим татбиқ мешаванд.
Натиҷаҳои ҷаласаи Душанбе нишон медиҳанд, ки дипломатияи иқлимии Тоҷикистон аз марҳилаи пешниҳоди ташаббусҳои байналмилалӣ ба марҳилаи ҷалби сармоягузории воқеӣ гузаштааст. Имрӯз ҷомеаи байналмилалӣ Тоҷикистонро на танҳо ҳамчун муаллифи ташаббусҳои глобалии обу иқлим, балки ҳамчун шарики боэътимоди татбиқи лоиҳаҳои бузурги рушди устувор арзёбӣ мекунад.

Тарҳи интихобшудаи лоиҳаҳо низ аҳамияти махсус дорад. Навсозии инфрасохтори шаҳрҳои Роғун, Данғара ва Хуҷанд сиёсати дарозмуддати давлатро дар самти рушди марказҳои асосии энергетикӣ, саноатӣ ва логистикии кишвар инъикос менамояд. Ҳамзамон, таҷдиди шабакаҳои обтаъминкунӣ ва корез барои баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои коммуналӣ ва мутобиқшавии шаҳрҳо ба хавфҳои иқлимӣ мусоидат хоҳад кард.
Самти кишоварзии барнома низ дорои аҳамияти стратегӣ мебошад. Ҷорӣ намудани технологияҳои сарфаи об ва рушди боғҳои интенсивӣ барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои об ва таҳкими амнияти озуқавории кишвар заминаи устувор фароҳам меорад.
Ҷалби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва дигар институтҳои байналмилалии молиявӣ маънои татбиқи стандартҳои баландтарини идоракунии лоиҳаҳо, шаффофияти харидҳо ва назорати мустақилро дорад. Ин омил метавонад эътимоди донорҳоро боз ҳам афзоиш дода, имкониятҳои Тоҷикистонро барои ҷалби маблағгузории нави иқлимӣ васеъ намояд.
Дар маҷмӯъ, Душанбе тадриҷан ба яке аз марказҳои минтақавии амалисозии сиёсати байналмилалии «сабз» табдил меёбад. Қарорҳои қабулшуда нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон метавонад ташаббусҳои ҷаҳонии худро ба натиҷаҳои мушаххаси иқтисодӣ ва иҷтимоӣ табдил дода, нақши худро дар рушди устувори минтақа боз ҳам тақвият бахшад.
Акс: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
