Остона, 12 июли соли 2026-АИ «Караван Инфо». Ислоҳоти конститутсионии Қазоқистон, ки санаи 1 июл ба иҷро даромад, ба такмили системаи идоракунии давлатӣ ва таҳкими устувории институтсионалии кишвар равона намуда шудааст. Ин ақидаро коршиноси Авруосиё, корманди илмии ғайриштатии The Atlantic Council’s Eurasia Center (Атлантик Каунсилс Юрейжа Сентер) Марк Темнитский изҳор дошт.

Ба гуфтаи вай, тағйирот ба яке аз муҳимтарин дигаргуниҳои сиёсӣ дар солҳои Истиқлолият табдил ёфтааст.
“Ин тағйиротҳо бештар меъмории институтсионалии давлатро оптимизатсия мекунанд, на ваколатҳои ҳокимияти иҷроияро васеъ мекунанд”, — қайд намуд Марк Темнитский.
Коршинос чунин мешуморад, ки омили асосии муваффақияти ислоҳот татбиқи амалии онҳо ва самаранокии кори институтҳои нав хоҳад буд.
Вай ба ташкили системаи пешбинишавандаи идоракунии давлатӣ диққати махсус дод. Ба ақидаи Темнитский, мавҷудияти механизмҳои возеҳи пайдарпаӣ ва низоми муназзами қонунгузорӣ эътимоди шарикон ва сармоягузорони байналмилалиро баланд мебардорад.
“Чунин холати пешгӯишаванда эҳтимолан аз ҷониби сармоягузорони хориҷӣ ва шарикони байналмилалӣ, ки ба суботи минтақа манфиатдоранд, мусбат пазируфта мешавад” – гуфт коршинос.
Вай қайд намуд, ки Қазоқистон имрӯз мавқеи маркази муҳими тиҷорат, энергетика ва истихроҷи маъданҳои муҳимро дар гузаргоҳи Миёна, ки Аврупо ва Осиёро мепайвандад, мустаҳкам мекунад. Дар ин шароит суботи сиёсӣ аҳамияти махсус пайдо мекунад.
Ба гуфтаи Марк Темнитский, системаи институтсионалии фаҳмо ва пайваста метавонад дар ИМА низ баҳои мусбат гирад, ки дар он ҷо ба рушди устувори Осиёи Марказӣ диққати калон дода мешавад.
“Сохтори институтсионалии пешгӯишаванда Қазоқистонро шарики ҷолибтар барои тиҷорати амрикоӣ ва сармоягузорон дар дарозмуддат месозад”- мегӯяд коршинос.
Ба ақидаи ӯ, ислоҳоти гузаронидашуда инчунин сиёсати бисёрсоҳавии хориҷии Қазоқистонро тақвият медиҳад, ки ба кишвар имкон медиҳад, ки ҳамзамон бо ИМА, иттиҳоди Аврупо, Русия ва Чин муносибатҳои созандаро нигоҳ дорад.
Ёдовар мешавем, ки Конститутсияи нави Қазоқистон санаи 1 июли соли 2026 эътибор пайдо намуд ва марҳилаи нави навсозии сиёсӣ ва институтсионалии кишварро кушод.
Аксҳо: аз бойгонии шахсии Марк Темнитский
