Душанбе, 15 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Фишор ба муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ҳамоно афзоиш меёбад. Тавре зимни нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти нимсолаи аввали соли 2026 муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Норзода иттилоъ дод, ҳоло дар Феҳристи шахсони таҳти назорати Федератсияи Россия тақрибан 160 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон қарор доранд.

Ба гуфтаи ӯ, нигаронкунандатарин ҷанбаи ин омор он аст, ки тақрибан 25 ҳазор нафар аз ин шумораро кӯдакони ноболиғ ташкил медиҳанд. Дар аксари ҳолатҳо онҳо ҳамчун аъзои оилаҳое, ки ҳамроҳи волидонашон ба Россия рафтаанд, ба ин феҳрист шомил шудаанд.
Феҳристи шахсони таҳти назорат аз 5 феврали соли 2025 амал мекунад ва ҳар чор соат нав карда мешавад. Ба он шаҳрвандони хориҷие ворид карда мешаванд, ки асосҳои қонунии будубоши худро дар қаламрави Федератсияи Россия аз даст додаанд.
Шомил шудан ба ин феҳрист амалан боиси ҷорӣ гардидани низоми ихроҷ гардида, барои шаҳрвандон як қатор маҳдудиятҳо, аз ҷумла манъи иваз намудани ҷойи истиқомат, идора намудани воситаҳои нақлиёт, хариди амволи ғайриманқул ва анҷом додани аксари амалиёти молиявиро пешбинӣ мекунад.
Бо мақсади пешгирии чунин ҳолатҳо Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон санҷиши пешакии шаҳрвандонро пеш аз сафар ба Федератсияи Россия тақвият бахшидааст. Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ зиёда аз 15 ҳазор муроҷиат баррасӣ гардида, 3 ҳазору 953 нафар муайян шудаанд, ки вурудашон ба Россия муваққатан маҳдуд мебошад. Бо огоҳсозии саривақтии онҳо аз ихроҷ дар сарҳад пешгирӣ карда шуд.
Ҳамзамон дар дохили кишвар корҳои мутобиқсозии иҷтимоӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани муҳоҷирони бозгашта идома дорад. Тибқи маълумоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, дар нимсолаи аввали соли 2026 дар Тоҷикистон 10,7 ҳазор нафар муҳоҷирони меҳнатии бозгашта бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.
Омори пешниҳодшуда аз идомаи сиёсати сахтгиронаи муҳоҷиратии Федератсияи Россия нисбат ба шаҳрвандони хориҷие, ки асоси қонунии будубош надоранд, шаҳодат медиҳад.
Тамоюли афзоиши шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Феҳристи шахсони таҳти назорат низ инро тасдиқ мекунад: агар моҳи октябри соли 2024 дар ин рӯйхат тақрибан 120 ҳазор нафар қарор дошта бошад, моҳи ноябри соли 2025 ин нишондиҳанда ба 150 ҳазор нафар расид ва то миёнаҳои соли 2026 ба 160 ҳазор нафар афзоиш ёфт.
Ворид гардидани тақрибан 25 ҳазор кӯдак ба ин феҳрист ба масъала ҷанбаи ҷиддии иҷтимоӣ ва башардӯстона мебахшад. Ин вазъ метавонад шароити зиндагии оилаҳои муҳоҷиронро боз ҳам мураккабтар намуда, зарурати такмили механизмҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Федератсияи Россияро дар самти танзими муҳоҷират, ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон ва қонунигардонии будубоши муҳоҷирон бештар намояд.
ФОТО: https://avesta.tj
