Тоҷикистон барои таъсиси кластери миллии саноатӣ 83,2 миллион доллар сармоя ҷалб мекунад - ИА Караван Инфо
Тоҷикистон барои таъсиси кластери миллии саноатӣ 83,2 миллион доллар сармоя ҷалб мекунад

Душанбе, 16 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Тоҷикистон сиёсати саноатикунонии босуръат ва рушди коркарди амиқи ашёи хоми ватаниро пайгирона идома медиҳад.

Ба имзо расидани созишномаи сармоягузорӣ оид ба таъсиси кластери муосири нассоҷӣ 15 июл яке аз бузургтарин лоиҳаҳои солҳои охир дар соҳаи саноати сабуки кишвар ба шумор меравад.

Ҷалби сармояи калон, ташкили давраи пурраи истеҳсолӣ ва таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави корӣ метавонад мавқеи Тоҷикистонро ҳамчун истеҳсолкунандаи маҳсулоти рақобатпазири нассоҷӣ бо арзиши баланди иловашуда ба таври назаррас таҳким бахшад.

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Консорсиуми сармоягузорон, ки роҳбарии онро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Маркази рушди саноат» ба уҳда дорад, созишномаи сармоягузориро оид ба татбиқи лоиҳаи стратегии «Таъсиси кластери нассоҷии гурӯҳи ширкатҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расонд.

Ҳаҷми умумии сармоягузорӣ 83,2 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Лоиҳа ташкили низоми муосири истеҳсолии амудӣ ҳамгирошударо пешбинӣ намуда, тамоми занҷираи технологиро — аз коркарди пахтаи хом ва истеҳсоли ришта то истеҳсоли матоъ, рангубори он ва дӯхти маҳсулоти тайёри нассоҷиро дар бар мегирад.

Маҳз чунин низоми истеҳсолӣ имкон медиҳад, ки ашёи хоми пахтаи ватанӣ самаранок истифода шуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашуда афзоиш ёбад ва вобастагии соҳа аз содироти нахи пахтаи коркарднашуда коҳиш дода шавад.

Лоиҳа ҳамзамон аҳаммияти бузурги иҷтимоӣ низ дорад. Пас аз ба иқтидори пурра расидани корхонаҳо зиёда аз 5500 ҷойи кори доимӣ таъсис дода мешавад, ки он яке аз бузургтарин барномаҳои таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар бахши саноати кишвар дар солҳои охир хоҳад буд. Корхонаҳои нав ба рушди малакаҳои касбӣ, баланд бардоштани сатҳи шуғли аҳолӣ ва фаъол гардидани иқтисоди минтақаҳо мусоидат хоҳанд кард.

Таъсиси кластери нассоҷӣ пурра ба Стратегияи давлатии саноатикунонии босуръат мутобиқ буда, ҳадафи он гузариш аз модели содироти ашёи хом ба истеҳсоли маҳсулоти тайёри рақобатпазири содиротӣ мебошад.

Аҳаммияти ин лоиҳа дар шароити афзоиши устувори содироти маҳсулоти саноатӣ боз ҳам бештар мегардад. Тавре қаблан Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода буд, дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми содироти нахи пахта 61,9 миллион доллари ИМА-ро ташкил додааст. Ба истифода додани кластери нав имконият медиҳад, ки қисми зиёди ин ашёи хом дар дохили кишвар коркард шуда, содироти матоъ, маҳсулоти нассоҷӣ ва либоси тайёр таҳти бренди «Made in Tajikistan» афзоиш ёбад.

Ба арзёбии мутахассисони соҳа, маҳаллисозии пурраи занҷираи истеҳсолӣ омили муҳими баланд бардоштани устувории иқтисоди миллӣ дар муқобили тағйироти бозорҳои ҷаҳонӣ хоҳад шуд. Рушди истеҳсолоти дохилӣ вобастагиро аз бозори ҷаҳонии ашёи хом коҳиш дода, рақобатпазирии маҳсулоти ватаниро афзоиш медиҳад ва ҷуғрофиёи содиротро васеъ месозад.

Коршиносон ҳамчунин таъкид мекунанд, ки таъсиси зиёда аз 5500 ҷойи кори нав дар шароити тағйирёбии бозори байналмилалии меҳнат аҳаммияти махсус дорад. Рушди корхонаҳои муосири саноатӣ дар дохили кишвар имкониятҳои иловагии шуғлро барои шаҳрвандон фароҳам оварда, ба афзоиши даромади аҳолӣ ва таҳкими мустақилияти иқтисодии Тоҷикистон мусоидат мекунад.

Татбиқи ин лоиҳа қадами муҳими навбатӣ дар роҳи ташаккули саноати мукаммали нассоҷии Тоҷикистон хоҳад буд, ки тамоми занҷираи истеҳсолиро — аз парвариши пахта то истеҳсоли маҳсулоти тайёри рақобатпазир барои бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ — фаро мегирад.

АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон