Душанбе, 22 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Муғулистон бо маросими тантанавии истиқболи расмӣ дар майдони марказии шаҳри Улан-Батор оғоз гардид.

Ин маросими расмӣ нишонаи равшани сатҳи баланди муносибатҳои дӯстона ва омодагии ду кишвар барои густариши ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва гуманитарӣ арзёбӣ мешавад.
Майдони марказии пойтахти Муғулистон ба муносибати сафари давлатии Сарвари давлати Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хос оро дода шуда буд. Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро самимона истиқбол гирифта, ба минбари ифтихорӣ даъват намуд.
Тибқи ойини давлатии қабули меҳмонони олимақом, фармондеҳи Горди фахрӣ ба меҳмони олимақом гузориш дод. Сипас сурудҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон садо дода, эҳтироми ҷонибҳоро ба истиқлолият, рамзҳои давлатӣ ва муносибатҳои баробарҳуқуқ инъикос намуданд.
Дар идомаи маросим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз назди сафи Горди фахрӣ гузашт, ба Парчами давлатии Муғулистон эҳтиром ба ҷо овард ва ҳайатҳои расмии ҳар ду кишвар ба сарони давлатҳо муаррифӣ гардиданд. Маросим бо гузашти тантанавии ҷузъу томҳои Горди фахрӣ аз назди роҳбарони ду давлат анҷом ёфт.

Ба нишони эҳтироми олии давлатӣ нисбат ба меҳмони олимақом ба ифтихори сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 тир аз тӯпҳо шиллик карда шуд, ки аз баландтарин маросимҳои эҳтироми ҳарбӣ нисбат ба роҳбарони давлатҳои хориҷӣ ба ҳисоб меравад.
Оғози сафари давлатӣ аз иродаи қавии Тоҷикистону Муғулистон барои таҳкими муносибатҳои дуҷониба шаҳодат медиҳад. Интизор меравад, ки зимни мулоқоту музокироти сатҳи олӣ масъалаҳои густариши ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, нақлиёт, кишоварзӣ, фарҳанг ва дигар самтҳои дорои манфиати муштарак мавриди баррасӣ қарор гиранд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
