Баргузории форуми ҷумҳуриявӣ оид ба омодасозии мутахассисони соҳаи кӯҳкорӣ ва металлургия - ИА Караван Инфо
Баргузории форуми ҷумҳуриявӣ оид ба омодасозии мутахассисони соҳаи кӯҳкорӣ ва металлургия

Душанбе, 27 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар доираи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон 25 июл Форуми ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Омодасозии мутахассисони соҳаи кӯҳкорӣ ва металлургия: мушкилот ва дурнамо» баргузор гардид.

Дар кори форум вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Сафарзода, муовини раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода, директори Ҷамъияти саҳҳомии «Комбинати металлургии Тоҷик» Рофеъҷон Бобоев, ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Давлат Давлатзода, намояндагони мақомоти давлатӣ, корхонаҳои саноатӣ, олимону муҳаққиқон ва мутахассисони соҳа иштирок намуданд.

Пеш аз оғози ҷаласаи асосӣ меҳмонон аз намоишгоҳи маҳсулоти саноати кӯҳкорию металлургӣ дидан намуда, бо дастовардҳои истеҳсолӣ, навъҳои маҳсулоти корхонаҳои соҳавӣ, технологияҳои коркарди ашёи хом ва имкониятҳои мавҷудаи рушди соҳа шинос шуданд.

Зимни ифтитоҳи форум вазири маориф ва илм таъкид намуд, ки баргузории чунин ҳамоишҳо аз сиёсати саноатикунонии босуръати кишвар ва таваҷҷуҳи махсуси Пешвои миллат ба рушди саноати миллӣ, ташаккули металлургияи ватанӣ ва омодасозии кадрҳои баландихтисоси муҳандисию техникӣ сарчашма мегирад.

Зикр гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ барои рушди саноат, таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ, истихроҷ ва коркарди ашёи хоми ватанӣ, инчунин истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии рақобатпазир заминаҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд. Дар ин раванд масъалаи таъмини корхонаҳои саноатӣ бо мутахассисони соҳибкасб аҳаммияти калидӣ дорад.

Иштирокчиён суханони Пешвои миллатро зимни боздид аз сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани Ҷамъияти саҳҳомии «Комбинати металлургии Тоҷик» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки бунёди ин корхона оғози марҳилаи нави рушди саноати маъдан ва ташаккули металлургияи миллии Тоҷикистон мебошад.

Дар рафти форум масъалаҳои мутобиқ намудани низоми омодасозии кадрҳои муҳандисию техникӣ ба талаботи воқеии истеҳсолот, банақшагирии қабули донишҷӯён бо дарназардошти эҳтиёҷоти бозори меҳнат, таъсиси ихтисосҳои нав ва такмили барномаҳои таълимӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Яке аз мавзӯъҳои меҳварии ҳамоиш таҳкими робитаи таҳсилот бо истеҳсолот ва рушди низоми таҳсили дуалӣ буд. Иштирокчиён доир ба таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар корхонаҳои истеҳсолӣ, конҳо, озмоишгоҳҳо ва коргоҳҳои соҳавӣ, инчунин баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорони ихтисосҳои муҳандисию техникӣ табодули афкор намуданд.

Ҳамчунин нақши корхонаҳои саноатӣ дар омодасозии кадрҳо, ташкили пойгоҳҳои таҷрибаомӯзӣ ва истифодаи иқтидори техникиву озмоишгоҳии онҳо дар раванди таълим баррасӣ гардид. Таъкид шуд, ки ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ омили муҳими ташаккули малакаҳои амалии мутахассисони оянда мебошад.

Дар ҷараёни форум фаъолияти Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамчун маркази асосии омодасозии мутахассисони соҳаи металлургияи муосир муаррифӣ гардида, саҳми он дар ҳамгироии илм, маориф ва истеҳсолот, рушди озмоишгоҳҳои соҳавӣ, татбиқи барномаҳои муосири таълимӣ, таҳқиқоти илмии амалӣ ва бозомӯзии кормандони соҳа махсус таъкид карда шуд.

Илова бар ин, масъалаҳои баланд бардоштани самаранокии коркарди маъдан, беҳтар намудани сифати маҳсулот, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ ва коҳиш додани таъсири истеҳсолот ба муҳити зист низ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Дар идомаи форум муовини вазири саноат ва технологияҳои нав дар мавзӯи «Ҳамгироии илм ва истеҳсолот – омили рушди саноат», муовини раиси вилояти Суғд дар мавзӯи «Саноатикунонии босуръати кишвар – ҳадафи чоруми миллӣ», инчунин ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар мавзӯи «Имкониятҳои Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар омодасозии кадрҳои соҳаи саноати кӯҳӣ» маърӯза намуданд.

Дар бахши мубоҳиса олимон, муҳаққиқон, омӯзгорон, намояндагони корхонаҳои саноатӣ ва мутахассисон доир ба такмили барномаҳои таълимӣ, рушди таҳсили дуалӣ, таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ, густариши таҳқиқоти илмӣ ва таҳкими робитаи илм бо истеҳсолот пешниҳодҳои худро ироа карданд.

Таъкид гардид, ки Форум барои табодули таҷриба, муаррифии имкониятҳои муассисаҳои таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолӣ, баррасии масъалаҳои мубрами соҳа ва таҳкими ҳамкории илм, маориф ва истеҳсолот заминаи мусоид фароҳам овард.

Дар анҷоми ҳамоиш байни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳҳомии «Комбинати металлургии Тоҷик» Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Созишнома ҳамкориро дар самтҳои омодасозии мутахассисони соҳаи кӯҳкорӣ ва металлургия, табодули таҷриба, рушди таҳсилоти дуалӣ, ташкили таҷрибаомӯзии истеҳсолии донишҷӯён ва густариши робитаи муассисаи таҳсилоти олӣ бо корхонаҳои истеҳсолӣ пешбинӣ менамояд.

АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон