Душанбе, 29 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар шаҳри Брест аз 27 то 30 июл ҷаласаи 19-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Беларус оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ баргузор гардида, ба баррасии самтҳои нави ҳамкории саноатӣ, сармоягузорӣ ва рушди робитаҳои байниминтақавӣ бахшида шудааст.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода роҳбарӣ мекунад.
Ба ҳайати Тоҷикистон роҳбарони вазорату идораҳои соҳавӣ ва намояндагони доираҳои соҳибкорӣ шомиланд. Дар музокирот масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои саноат ва комплекси агросаноатӣ, афзоиши таъминоти техника, таъсиси истеҳсолоти муштарак, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, такмили ҳамкориҳои нақлиётиву логистикӣ, инчунин рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф ва тандурустӣ мавриди баррасӣ қарор доранд.
Дар поёни ҷаласа ҷонибҳо имзои Протоколи ҷаласаи 19-уми Комиссияи байниҳукуматӣ ва Харитаи роҳ оид ба рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодиро дар назар доранд, ки самтҳои афзалиятноки ҳамкории ду кишварро барои солҳои наздик муайян мекунад.

Барномаи сафари ҳайати Тоҷикистон инчунин боздид аз корхонаҳои пешсафи саноатӣ ва агросаноатии вилояти Брестро дар бар мегирад. Дар доираи мулоқотҳои B2B масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва имзои созишномаҳои нави тиҷоратӣ баррасӣ мешаванд.
Баргузории ҷаласа дар яке аз марказҳои муҳими саноатии Беларус аз талоши Душанбе ва Минск барои гузариш аз ҳамкориҳои анъанавии тиҷоратӣ ба ҳамгироии амиқи истеҳсолӣ шаҳодат медиҳад. Пайвастани имкониятҳои технологияҳои белорусӣ бо иқтидори бахшҳои аграрӣ ва коркарди Тоҷикистон метавонад ба афзоиши гардиши мол, ҷалби сармоя ва таҳкими шарикии иқтисодии ду давлат мусоидат намояд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус
