Душанбе, 29 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар нимсолаи аввали соли 2026 ҷамъбаст ва вазифаҳои асосӣ барои давраи минбаъдаи сол муайян карда шуданд.

Сарвари давлат таъкид намуд, ки сарфи назар аз вазъи ноустувори иқтисоди ҷаҳонӣ, дар натиҷаи татбиқи ислоҳот, рушди саноат, рақамикунонӣ ва пешрафти соҳаи кишоварзӣ иқтисоди миллӣ рушди устуворро нигоҳ дошт.
Дар моҳҳои январ–июн ҳаҷми ММД ба 81,7 миллиард сомонӣ расида, суръати рушди он 8,2 фоиз-ро ташкил дод. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 14,1 фоиз, кишоварзӣ 7,2 фоиз, сармоягузорӣ ба сармояи асосӣ 18,4 фоиз ва гардиши мол 26,1 фоиз афзоиш ёфт. Сатҳи таваррум 2,4 фоиз буда, нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ 114,3 фоиз иҷро гардид ва ба буҷет 36,4 миллиард сомонӣ ворид шуд.
Президенти мамлакат ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ супориш дод, ки то охири моҳи август пешниҳодҳои мушаххас оид ба дарёфти манбаъҳои нави рушди иқтисодӣ, пеш аз ҳама дар соҳаҳои саноат, энергетика ва кишоварзӣ пешниҳод намоянд, то дар ҷамъбасти соли 2026 суръати рушди ММД на камтар аз 8 фоиз таъмин гардад.

Ҳамчунин, барои суръат бахшидан ба рақамикунонии иқтисод, ҷорӣ намудани гардиши электронии ҳуҷҷатҳо ва рушди пардохтҳои ғайринақдӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Дар ҷаласа инчунин дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ барои солҳои 2027–2029, Барномаи рушди низоми роҳнамоии касбӣ ва Барномаи рушди Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 тасдиқ гардиданд.
Дар анҷом Эмомалӣ Раҳмон барои беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосил, тавсеаи кишти такрорӣ, истифодаи самараноки замину об, ташкили захираи озуқаворӣ барои ҳар як оила ба муҳлати на камтар аз ду сол, омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон, соли нави таҳсил ва ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супоришҳои мушаххас дод.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
