Душанбе, 05 август, – АИ «Корвон Иттилоот». 3 августи соли 2026 дар Душанбе вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ бо Директори Дафтари минтақавии Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) оид ба кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором Такаши Нагаока баргузор гардид.

Дар ҷараёни музокирот ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкории дуҷониба, рушди иқтидори захираҳои инсонӣ ва иштироки Тоҷикистон дар Барномаи стипендиалии Ҷопон ва ХБА барои Осиё (JISPA)-ро баррасӣ карданд.
Диққати махсус ба нақши барномаи JISPA дар тайёр кардани мутахассисони баландтахассус ва таҳкими иқтидори ниҳодии мақомоти давлатӣ дода шуд. Иштирокчиёни вохӯрӣ зарурати васеъ кардани мубодилаи таҷриба ва амиқтар кардани ҳамкорӣ дар соҳаи тайёр кардани кадрҳои соҳавиро таъкид намуданд. Аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок таҳлили макроиқтисодӣ, сиёсати тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, инчунин зеҳни сунъӣ ва иқтисоди рақамӣ номбар шуданд.
Ҷонибҳо қайд карданд, ки рушди салоҳиятҳо дар соҳаҳои муосири иқтисод аҳамияти стратегӣ барои баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ ва мутобиқшавӣ ба чолишҳои ҷаҳонӣ дорад. Барномаи JISPA ҳамчун воситаи муҳим, ки ба ташаккули захираи касбии кадрҳо, қодир ба ҳалли вазифаҳои рушди устувори иқтисодӣ ва таҳаввули рақамӣ мусоидат мекунад, арзёбӣ мешавад.
Вохӯрӣ манфиати мутақобилаи Тоҷикистон ва Хазинаи байналмилалии асъорро дар рушди минбаъдаи шарикӣ, ки ба таҳкими сармояи инсонӣ ва модернизатсияи сиёсати иқтисодии кишвар нигаронида шудааст, тасдиқ кард.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
