Душанбе, 08 август, – АИ «Корвон Иттилоот». Федератсияи Русия то ҳол бузургтарин бозори меҳнат барои шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ боқӣ мемонад, аммо ҷолибияти он тадриҷан коҳиш меёбад. Ба чунин хулоса коршиносони Маркази тадқиқоти шарқшиносии Лаҳистон (OSW) дар гузориши таҳлилии худ оид ба равандҳои муҳоҷират дар минтақа расидаанд.

Тибқи маълумоти таҳқиқот, дар тӯли 35 соли охир аҳолии Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон тақрибан 30 миллион нафар афзоиш ёфта, аз 52,9 миллион то тақрибан 81 миллион нафар расидааст. Синни миёнаи аҳолии минтақа 26,6 сол буда, Осиёи Марказиро ба яке аз ҷавонтарин минтақаҳои ҷаҳон табдил медиҳад.
Ба андешаи таҳлилгарон, чунин вазъи демографӣ аз як тараф имкониятҳои нав барои рушди иқтисодӣ ва таҳкими мавқеи сиёсиро фароҳам меорад, аз ҷониби дигар бошад, фишорро ба бозори меҳнат, низоми маориф, тандурустӣ, инфрасохтори шаҳрӣ ва дигар ниҳодҳои давлатӣ зиёд мекунад.
То соли 2022 Русия амалан самти бебаламаи муҳоҷирати меҳнатӣ барои аксари сокинони минтақа ба ҳисоб мерафт. Аммо солҳои охир, тибқи гузориш, ҷолибияти бозори меҳнати Русия тадриҷан коҳиш ёфтааст. Аз ҷумла, ҳамчун омилҳои асосӣ тағйирёбии вазъи иқтисодӣ, коҳиши қурби рубли русӣ, сахттар шудани сиёсати муҳоҷират, афзоиши рӯҳияи зиддимуҳоҷиратӣ ва дигар омилҳое номбар мешаванд, ки ба шароити фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ таъсир мерасонанд.
Дар ҳамин замина аҳамияти самтҳои нави муҳоҷират тадриҷан меафзояд. Тибқи ҳисобҳои OSW, ки бар маълумоти Eurostat асос ёфтааст, соли 2023 кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба шаҳрвандони панҷ давлати Осиёи Марказӣ тақрибан 196 ҳазор иҷозатномаи аввалини иқомат додаанд, ки аз онҳо ҳудуди 78 ҳазор барои фаъолияти меҳнатӣ пешбинӣ шудааст. Шумораи бештари чунин иҷозатномаҳо ба шаҳрвандони Қазоқистон ва Ӯзбекистон дода шудааст.
Бо вуҷуди ин, коршиносон таъкид мекунанд, ки Русия мавқеи пешсафи худро ба шарофати робитаҳои устувори муҳоҷиратӣ, донистани забони русӣ, дастрасии нақлиётӣ ва шароити нисбатан соддаи вуруд нигоҳ медорад. Аз ин рӯ, сухан бештар дар бораи диверсификатсияи бозорҳои меҳнат меравад, на дар бораи даст кашидан аз самти Русия.
Тоҷикистон ҷуғрофияи шуғли меҳнатии муташаккилро густариш медиҳад
Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, Русия сарфи назар аз коҳиши муайяни ҷараёни муҳоҷират ҳамоно самти асосии шаҳрвандони Тоҷикистон боқӣ мемонад.
Соли 2025 ба Федератсияи Русия 1,44 миллион шаҳрванди Тоҷикистон ворид гардидааст, ки аз онҳо 950 ҳазор нафар ҳадафи сафари худро фаъолияти меҳнатӣ нишон додаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли қаблӣ тақрибан 15 фоиз камтар мебошад. Дар айни замон омор шумораи воридшавӣ ба қаламрави Русияро инъикос мекунад, на шумораи муҳоҷироне, ки ҳамзамон дар он кишвар қарор доранд.
Ҳамзамон Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои шуғли меҳнатии муташаккилро дар дигар кишварҳо фаъолона рушд медиҳад. Тибқи маълумоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар нимсолаи аввали соли 2026 дар хориҷи кишвар ба таври муташаккил 23,6 ҳазор нафар шаҳрвандон бо ҷойи кор таъмин гардиданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,6 маротиба зиёд мебошад. Аз ин шумора 17,2 ҳазор нафар ба Русия, қариб 2,2 ҳазор нафар ба корҳои мавсимии кишоварзӣ дар Британияи Кабир ва зиёда аз 100 нафар ба Ҷумҳурии Корея фиристода шудаанд.
Ҳамзамон барномаҳои омӯзиши касбӣ ва шуғли меҳнат дар Олмон, Ҷопон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Қатар, Руминия ва як қатор давлатҳои дигар низ густариш меёбанд. Гарчанде ки ҳаҷми ин самтҳо ҳанӯз аз бозори Русия хеле камтар аст, онҳо тадриҷан имкониятҳои нави шуғли меҳнатиро барои шаҳрвандони Тоҷикистон фароҳам меоранд.
Интиқоли маблағҳо ҳамоно омили муҳими иқтисоди Тоҷикистон боқӣ мемонад
Иқтисоди Тоҷикистон ҳанӯз ҳам яке аз иқтисодҳои вобастатарин аз интиқоли маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Тибқи маълумоти дар гузориши OSW овардашуда, ҳаҷми интиқоли маблағҳо 47,9 фоизи ММД-и Тоҷикистон, 18,8 фоизи ММД-и Қирғизистон ва 14,4 фоизи ММД-и Ӯзбекистонро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон, мувофиқи арзёбии Бонки рушди Осиё, соли 2025 ҳаҷми интиқоли маблағҳо ба Тоҷикистон ба сатҳи рекордии 9,2 миллиард доллари ИМА расида, тақрибан 52 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил додааст. Қисми асосии ин маблағҳо аз Федератсияи Русия ворид шудаанд.
Тибқи арзёбии Бонки ҷаҳонӣ, бинобар норасоии ҷойҳои корӣ дар дохили кишвар тақрибан чоряки қувваи кории Тоҷикистон дар хориҷ фаъолият мекунад. Дар солҳои 2022–2025 ҳаҷми миёнаи интиқоли маблағҳо ба нисфи ММД-и ҷумҳурӣ баробар буд. Ин модел аз як тараф даромади хонаводаҳоро дастгирӣ менамояд, аммо аз ҷониби дигар иқтисоди кишварро нисбат ба тағйироти вазъи иқтисодӣ ва сиёсати муҳоҷиратии давлатҳои қабулкунанда осебпазир мегардонад.
Коршиносони Бонки ҷаҳонӣ бар ин назаранд, ки барои таъмини рушди устувори иқтисодӣ Тоҷикистон бояд тадриҷан аз модели рушди асосёфта бар муҳоҷирати меҳнатӣ ба модели таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар дохили кишвар гузарад. Барои ин рушди бахши хусусӣ, такмили низоми таҳсилоти касбӣ, баланд бардоштани сатҳи тахассуси кадрҳо ва тавсеаи имкониятҳои шуғл дар соҳаҳои дорои ҳосилнокии баланд зарур шуморида мешавад.
Равандҳои муосири муҳоҷират дар Осиёи Марказӣ ба марҳилаи нави тағйироти сохторӣ ворид шудаанд. Дар ҳоле ки Русия мавқеи худро ҳамчун самти асосии муҳоҷирати меҳнатӣ нигоҳ медорад, кишварҳои минтақа сиёсати диверсификатсияи бозорҳои меҳнатро фаъолона пеш мебаранд, то вобастагӣ аз як самт коҳиш ёфта, имкониятҳои нави шуғл барои шаҳрвандон фароҳам оварда шаванд.
Барои Тоҷикистон ин раванд аҳамияти стратегии махсус дорад. Аз як тараф, интиқоли маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ҳамоно яке аз манбаъҳои муҳими дастгирии иқтисоди миллӣ ва даромади аҳолӣ боқӣ мемонад.
Аз ҷониби дигар, рушди устувори кишвар суръат бахшидан ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди саноат, бахши хизматрасонӣ ва истеҳсолоти содиротиро тақозо мекунад. Маҳз ҳамоҳангсозии рушди иқтисоди дохилӣ бо густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ метавонад заминаи устувори рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар дарозмуддат таъмин намояд.
АКС: https://mmc02.ru/novosti/
