Душанбе, 08 август, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар ноҳияи Варзоб Конфронси ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Эъломияи ҳуқуқи инсони Куруши Кабир ва инъикоси принсипҳои ҳамзистии осоишта дар он» баргузор гардид.

Ҳамоиш бо ташаббуси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон доир шуда, идомаи сиёсати пайгиронаи ҳифз ва тарғиби мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик, таҳкими маърифати ҳуқуқӣ ва пояҳои маънавии ваҳдати миллӣ арзёбӣ гардид.
Мавзӯи меҳварии конфронс баррасии аҳамияти таърихии Эъломияи Куруши Кабир — яке аз маъруфтарин ёдгориҳои афкори давлатдорӣ ва ҳуқуқии ҷаҳон буд, ки дар он ғояҳои озодӣ, адолат, таҳаммулпазирӣ ва эҳтиром ба шаъну шарафи инсон таҷассум ёфтаанд. Ба таъкиди иштирокчиён, ин арзишҳои умумибашарӣ имрӯз низ аҳамияти худро нигоҳ дошта, барои рушди осоиштаи давлат ва ҷомеа ҳамчун пояи ахлоқӣ хизмат мекунанд.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам иброз дошт, ки Эъломияи Куруши Кабир яке аз муҳимтарин ёдгориҳои тамаддуни башарӣ буда, принсипҳои инсондӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва адолатро таҷассум менамояд. Ба гуфтаи ӯ, таваҷҷуҳ ба ин мероси таърихӣ барои таҳкими худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ аҳамияти муҳим дорад.

Дар ҷараёни ҳамоиш таъкид гардид, ки сиёсати сулҳҷӯёнаи дохилӣ ва хориҷии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун идомаи мантиқии анъанаҳои чандинасраи инсондӯстӣ, эҳтироми мутақобила ва ҳамзистии осоиштаи ниёгон арзёбӣ мешавад.
Раиси ноҳияи Варзоб Хусрав Дамонзода зарурати омӯзиши густурдаи мероси таърихию ҳуқуқиро миёни ҷавонон махсус таъкид намуда, изҳор дошт, ки тарғиби ёдгориҳои давлатдории бостонӣ ба болоравии фарҳанги ҳуқуқӣ, таҳкими ҷаҳонбинии ватандӯстона, масъулияти шаҳрвандӣ ва худшиносии миллӣ мусоидат мекунад.
Иштирокчиён инчунин роҳҳои амалии густариши фарҳанги сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтиром ба ҳуқуқи инсонро дар заминаи мероси таърихӣ мавриди муҳокима қарор доданд.

Дар Тоҷикистон мероси таърихӣ рӯз ба рӯз бештар ба бахши муҳими сиёсати маънавӣ, фарҳангӣ ва маърифатӣ табдил меёбад. Муроҷиат ба Эъломияи Куруши Кабир талоши пайвастани арзишҳои ғании тамаддуни бостонӣ бо афзалиятҳои рушди давлати муосирро инъикос менамояд.
Дар ин замина, тарғиби анъанаҳои ҳуқуқӣ ва инсондӯстонаи гузашта ҳамчун воситаи таҳкими ваҳдати миллӣ, боло бурдани маърифати ҳуқуқӣ ва густариши фарҳанги сулҳу эҳтироми мутақобила аҳамияти бештар касб мекунад. Чунин иқдомҳо на танҳо хотираи таърихиро ҳифз менамоянд, балки саҳми тамаддуни тоҷикро дар ташаккули арзишҳои умумибашарӣ боз ҳам равшантар месозанд.
АКС: Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон
