Душанбе, 11 август, – АИ «Корвон Иттилоот». Соли 2025 Осиёи Марказӣ дар миёни 13 минтақаи ҷаҳон баландтарин суръати рушди сайёҳиро нишон дод ва аз рӯи панҷ нишондиҳанда аз шаш нишондиҳандаи рушди соҳа ҷойи аввалро касб кард. Дар ин бора дар гузориши Шӯрои ҷаҳонии саёҳат ва сайёҳӣ (World Travel & Tourism Council, WTTC) зикр мешавад.

Саҳми умумии соҳа дар иқтисоди минтақа 17,7 % афзуда, хароҷоти сайёҳони хориҷӣ 26,4 % зиёд шудааст. Аз рӯи афзоиши сармоягузорӣ минтақа ҷойи сеюмро ишғол кардааст.
Аз рӯи ҳаҷми иқтисоди сайёҳӣ Осиёи Марказӣ ҳоло ҳам минтақаи камтар рушдкарда боқӣ мемонад: соли 2025 саҳми умумии сайёҳӣ 20,1 млрд долларро ташкил дод — ҷойи охирин (13-ум) дар миёни минтақаҳои WTTC. Аммо аз рӯи суръати рушд минтақа аз ҳама пешсаф аст.
Сайёҳони хориҷӣ дар Осиёи Марказӣ 9,9 млрд доллар харҷ карданд. 84,5 % сафарҳо бо истироҳат ва 15,5 % бо ҳадафҳои корӣ алоқаманд буданд. Сайёҳӣ тақрибан 1,7 млн ҷойи кориро дастгирӣ мекард, аз ин шумора тақрибан 585 ҳазор нафар бевосита дар соҳа машғул буданд.
Таъсири мустақим каме бештар аз сеяки саҳми умумиро ташкил дод. Қариб нисф ба соҳаҳои вобаста — таъминкунандагон, сармоягузорӣ ва хароҷоти давлатӣ рост омад. Қисми боқимонда хароҷоти кормандони соҳа ва корхонаҳои алоқаманд аст. Аз ин рӯ саҳми умумӣ дар ММД тақрибан се маротиба аз саҳми мустақим зиёдтар аст.
Дар гузориш кишварҳои Осиёи Марказӣ ба таври алоҳида радабандӣ нашудаанд, вале Ӯзбекистон ҳамчун маъмултарин самти сафарҳои дохилиминтақавӣ (25 % чунин сафарҳо) зикр шудааст. Сокинони Ӯзбекистон 22 %-и сайёҳони хориҷӣ ба кишварҳои минтақаро ташкил доданд. Танҳо Қазоқистон нишондиҳандаи бештар дорад — 29 %.
Ҷанбаи муҳити зист низ қайд гардидааст. Соли 2024 ба ҳиссаи соҳа 3,6 % партовҳои газҳои гулхонаӣ дар Осиёи Марказӣ рост меомад (соли 2019 — 3,2 %). Қариб 95 % энергияи истифодашавандаи бахши сайёҳӣ аз сӯзишвории истихроҷшаванда аст, манбаъҳои камкарбон камтар аз 5 %-ро таъмин мекунанд.
Занон тақрибан 41 %-и шахсони бевосита дар соҳа машғулро ташкил медиҳанд, тақрибан сеяки ҷойҳои корӣ баландмаош ҳисоб мешаванд. Даромади андозии соҳа 4 млрд доллар арзёбӣ мешавад.
WTTC то соли 2036 барои Осиёи Марказӣ рушди «оромтар»-ро пешбинӣ мекунад. Саҳми сайёҳӣ метавонад то 29,7 млрд доллар афзоиш ёбад, шумораи ҷойҳои кории алоқаманд — тақрибан то 2,2 млн. Аз рӯи суръати дарозмуддат минтақа дигар пешсаф нахоҳад буд, ҳарчанд аз ҳама бештар аз рӯи сармоягузорӣ рушд хоҳад кард.
Дар Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2026 889,4 ҳазор сайёҳ қабул шудааст — 16,7 % бештар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта. Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ҷамшед Ҷӯрахонзода гуфт, ки инфрасохтори баъзе гузаргоҳҳои сарҳадӣ дигар ба ҷараёни афзояндаи сайёҳон ҷавобгӯ нест ва гурӯҳи махсуси корӣ таъсис дода шудааст. Мушкилот бо шароити санитарӣ дар шоҳроҳҳои асосӣ, алоқаи мобилӣ дар минтақаҳои дурдаст ва норасоии роҳбаладони касбӣ боқӣ мемонанд.
Дар кишвар 191 ширкати сайёҳӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз 75 то 84-тои он бо сайёҳии воридотӣ машғуланд, тақрибан 30 ширкат дар ин самт фаъолона кор мекунанд. Қисми зиёди боқимонда ба фиристодани сокинони Тоҷикистон ба хориҷа машғуланд.
Суръати рекордии соли 2025 ҷозибаи афзояндаи Осиёи Марказиро ҳамчун фазои ягонаи сайёҳӣ тасдиқ мекунад. Дар баробари ин гузориши WTTC зарурати ҳалли ҳамзамонии мушкилоти инфрасохторӣ, кадрӣ ва экологиро барои нигоҳ доштани рушди устувор таъкид менамояд.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳӣ
