Душанбе, 11 август, – АИ «Корвон Иттилоот». Тоҷикистон ва Ҷопон имкониятҳои густариши минбаъдаи ҳамкориро дар соҳаҳои фарҳанг ва санъат баррасӣ намуда, ба рушди барномаҳои таълимӣ, омодасозии кадрҳо ва табодули таҷрибаи касбӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунанд.

Дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти вазири фарҳанг Матлубахон Сатториён бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Кейко Фурута баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо дурнамои рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва тавсеаи робитаҳоро миёни муассисаҳои фарҳангии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор доданд.
Яке аз масъалаҳои меҳварии вохӯрӣ таҳкими робитаҳо миёни муассисаҳои таълимии соҳавӣ буд. Ҷонибҳо ба рушди табодули академӣ, интиқоли таҷрибаи касбӣ ва омодасозии муштараки мутахассисони баландихтисос барои соҳаи фарҳанг ва санъат ҳавасмандии худро иброз доштанд.

Дар ин замина имконияти ҳамкории мустақими омӯзгорон, донишҷӯён ва мутахассисон аҳамияти махсус пайдо мекунад. Табодули усулҳои таълимӣ ва донишҳои амалӣ метавонад барои рушди касбии насли нави ходимони фарҳанг ва санъат шароити иловагӣ фароҳам оварад.
Иштирокчиёни мулоқот таъкид намуданд, ки ду кишвар ба табодули таҷрибаи пешрафта ва усулҳои муосири таълимӣ манфиатдоранд ва ин самтро ҳамчун замина барои татбиқи лоиҳаҳои дарозмуддати фарҳангӣ арзёбӣ мекунанд.
Густариши ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ҳамзамон барои муаррифии васеи мероси фарҳангии Тоҷикистон дар Ҷопон ва ошно намудани ҷомеаи Тоҷикистон бо равишҳои муосири ҷопонӣ дар соҳаҳои санъат, менеҷменти фарҳангӣ ва омодасозии мутахассисон имкониятҳои нав фароҳам меорад.

Ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистону Ҷопон тадриҷан аз доираи баргузории чорабиниҳои алоҳида берун рафта, хусусияти институтсионалӣ касб мекунанд. Таҳкими робитаҳои мустақим миёни муассисаҳои таълимии соҳавӣ, ҳаракати академӣ ва табодули усулҳои касбӣ метавонанд барои ташаккули захираи устувори кадрӣ дар соҳаи фарҳанг замина фароҳам созанд.
Барои Тоҷикистон ин ҳамзамон имкони пайвастани анъанаҳои миллии санъат бо таҷрибаҳои муосири байналмилалӣ ва барои Ҷопон — густариши ҳузури гуманитарӣ дар Осиёи Марказӣ тавассути маориф, фарҳанг ва робитаҳои инсонӣ мебошад.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
