Кашфи муҳри шоҳӣ дар ёдгории «Сайёд» — қадами нав дар омӯзиши таърихи давраи Кушон - ИА Караван Инфо
Кашфи муҳри шоҳӣ дар ёдгории «Сайёд» — қадами нав дар омӯзиши таърихи давраи Кушон

Душанбе, 14 август, – АИ «Корвон Иттилоот».  Дар натиҷаи корҳои таҳқиқотӣ-бостоншиносии мутахассисони Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ёдгории таърихии «Сайёд», воқеъ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон, бозёфти беназири дорои арзиши баланди илмӣ кашф гардид. Ин кашфиёт метавонад марҳилаи навро дар омӯзиши таърихи давраи Кушон дар минтақа ифода кунад ва асоси устувори илмӣ барои бознигарии баъзе назарияҳо ва дидгоҳҳои мавҷудаи илмӣ фароҳам орад.

Ин бозёфт муҳри шоҳӣ мебошад, ки аз гили пухташуда сохта шуда ва то рӯзҳои мо пурра нигоҳ дошта шудааст. Баландии муҳр 5 см-ро ташкил медиҳад. Он аз ду қисми асосӣ иборат аст. Қисми аввал — дастаки муҳр бо сӯрохие барои гузаронидани ришта, ки истифодаи онро қулай мегардонд. Қисми дуюм — қисми асосӣ, ки шакли доиравӣ дошта, қутри он 6 см аст ва аз ҷиҳати андоза аз дастак калонтар мебошад.

Дар дохили доира тасвирҳо дар ҳолати чаппа ҷойгир шудаанд, ки ин хусусияти хоси муҳрҳои расмӣ мебошад. Дар байни онҳо навиштаи бохтарӣ, нақшҳои геометрӣ, нимтанаи шоҳ бо тоҷи дандонадор, тасвирҳои бузҳои кӯҳӣ, рамзҳои ҳокимияти давлатии шоҳони кушонӣ, аломатҳои вобаста ба ҳокимияти ҳокимони маҳаллӣ ва дигар унсурҳои рамзӣ дида мешаванд.

Арзиши илмии ин бозёфт пеш аз ҳама дар он аст, ки дар як муҳр маҷмӯи унсурҳои муҳими сиёсӣ, фарҳангӣ, хаттӣ ва бадеии давраи Кушон пешниҳод шудааст. Якҷояшавии рамзҳои давлатӣ, навиштаи бохтарӣ, тасвири ҳокими маҳаллӣ бо тоҷ ва дигар унсурҳои тасвирӣ онро ба яке аз намунаҳои беназири мероси фарҳангии минтақа табдил медиҳад.

Дар ҳоли ҳозир муҳри кашфшуда дар марҳилаи таҳқиқ, омӯзиш, рамзкушоӣ ва тафсири илмӣ аз ҷониби мутахассисони шуъбаи бостоншиносӣ ва нумизматикаи Осорхонаи миллӣ қарор дорад. Пас аз анҷоми таҳқиқи комплексӣ натиҷаҳои илмии он ба ҷомеаи илмӣ ва доираи васеи муҳаққиқон дар соҳаҳои таърих, бостоншиносӣ, забоншиносӣ, палеография, санъати тасвирӣ, мифология, рамзшиносӣ ва дигар самтҳои илмӣ дар шакли мақолаи муфассали илмӣ пешниҳод хоҳанд шуд.

Аз нуқтаи назари таҳлилӣ ин бозёфт саҳми арзишманд дар омӯзиши таърихи давлатдории қадимаи тоҷикон ва тамаддуни давраи Кушон мебошад. Он дорои аҳамияти бузурги илмӣ, фарҳангӣ ва осорхонавӣ буда, имкониятҳои навро барои фаҳмиши амиқтари ҳаёти сиёсӣ ва фарҳангии минтақа дар давраи Кушон боз мекунад.

Акс: Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон