Душанбе, 17 август, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар шаҳри Хоруғ машварати августии кормандони соҳаи маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор гардид. Дар он масъалаҳои омодагӣ ба соли нави таҳсил, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар машварат муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Бадриддин Музаффарзода, муовини раиси ВМКБ Муслима Афзалшо, роҳбарони сохторҳои Вазорати маориф ва илм, раёсати маорифи вилоят, омӯзгорон ва кормандони соҳа иштирок намуданд.
Зимни таҳлили фаъолияти муассисаҳои таълимӣ дастовардҳо ва пешравиҳои соҳа зикр гардида, ҳамзамон камбудиҳои мавҷуда баррасӣ шуданд. Барои бартараф намудани онҳо ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти муассисаҳо ба масъулин ва омӯзгорон вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.
Яке аз масъалаҳои асосӣ омодагии ҳамаҷониба ба соли нави таҳсил буд. Таъмини муассисаҳо бо омӯзгорони соҳибтахассус, беҳтар намудани шароити таълиму тарбия, таҳкими заминаи моддиву техникӣ, истифодаи технологияҳои муосир ва рушди қобилияти зеҳнии хонандагон аз самтҳои муҳими муҳокима гардиданд.

Ба омодасозии хонандагон ба озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Таъкид шуд, ки рушди маориф ва илм, тарбияи насли донишманду соҳибмаърифат, ватандӯсту худшинос ва рақобатпазир аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат мебошад.
Машварат дар остонаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, нақши рушди инфрасохтори маориф ва беҳтар намудани имкониятҳои таҳсил дар солҳои соҳибистиқлолӣ таъкид гардид.

Барои ВМКБ, ки хусусиятҳои ҷуғрофӣ ва кӯҳистонӣ дорад, дастрасӣ ба таҳсилоти босифат, таъмини муассисаҳо бо кадрҳои омӯзгорӣ ва истифодаи технологияҳои нав аҳамияти хос дорад. Аз ин рӯ, натиҷаи асосии машварат бояд на танҳо омодагии муассисаҳо ба соли нави таҳсил, балки баланд шудани сифати воқеии таълим бошад.
Дар анҷоми чорабинӣ омӯзгорон ва кормандони фаъоли соҳа барои саҳми арзанда дар рушди маориф ва омодасозии хонандагон ба озмуну олимпиадаҳо бо нишони сарисинагии «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» ва «Ифтихорнома» қадрдонӣ шуданд.
Манбаи акс: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
