Ҳифзи иҷтимоӣ то соли 2040: дар Душанбе натиҷаҳо ва вазифаҳои минбаъдаи амалишавии стратегия баррасӣ шуданд - ИА Караван Инфо
Ҳифзи иҷтимоӣ то соли 2040: дар Душанбе натиҷаҳо ва вазифаҳои минбаъдаи амалишавии стратегия баррасӣ шуданд

Душанбе, 17 август, – АИ «Корвон Иттилоот».   14 август дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири кишвар Дилрабо Мансурӣ ҷаласаи корӣ оид ба натиҷагирӣ аз рафти амалишавии Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ва Нақшаи амали солҳои 2024–2026 баргузор гардид.

Дар ҷаласа сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҳабибулло Хайруллозода, директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдулло Сафарзода, сардори Хадамоти экспертизаи тиббию иҷтимоӣ Шералӣ Амиршозода ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдор иштирок намуданд.

Ҳабибулло Хайруллозода оид ба натиҷаҳои амалишавии стратегия ва иҷрои бандҳои нақшаи амал ҳисобот пешниҳод кард. Зикр гардид, ки стратегия бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2022, №577 тасдиқ шуда, ҳадафи он мутобиқ намудани низоми ҳифзи иҷтимоӣ ба талаботи замони муосир ва таҳкими кафолатҳои иҷтимоии шаҳрвандон мебошад.

Барои татбиқи марҳилавии он бо қарори Ҳукумат аз 1 октябри соли 2024, №525 Нақшаи амали солҳои 2024–2026 тасдиқ гардид. Нақша аз 26 банд иборат буда, иҷрои он ба зиммаи як қатор вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллӣ, Академияи миллии илмҳо ва шарикони рушд гузошта шудааст.

Аз 26 банд муҳлати иҷрои 15 банд барои солҳои 2024–2025, 4 банд барои соли 2025 ва 7 банд барои солҳои 2025–2026 муайян шудааст.

Стратегия дурнамои дарозмуддати низоми ҳифзи иҷтимоиро муайян карда, ба ислоҳоти институтсионалӣ, таҳкими адолати иҷтимоӣ, таъмини кафолатҳои иҷтимоӣ ва рушди устувори кишвар равона шудааст.

Муҳим аст, ки татбиқи стратегия на танҳо аз иҷрои санадҳои соҳавӣ, балки аз ҳамоҳангии фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ ва ҷалби захираҳои иловагӣ вобаста мебошад. Маблағгузории он аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар манбаъҳои иҷозатдодаи қонунгузорӣ, аз ҷумла грантҳо, сармоягузории хориҷӣ ва кумаки созмонҳои байналмилалӣ пешбинӣ шудааст.

Дар ҷаласа барои беҳтар намудани иҷрои Нақшаи амал ба масъулини вазорату идораҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон