Душанбе, 19 август, – АИ «Корвон Иттилоот». Сохтмони хатти магистралии алоқаи нахиву оптикии «Душанбе — Хоруғ — Қулма» бо маром идома дошта, ба яке аз марҳилаҳои калидии татбиқи лоиҳа ворид мешавад. Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исафандиёри Саъдулло аз ҷараёни корҳои амалӣ дар ҳудуди ноҳияи Мурғоб шинос гардид.

Лоиҳаи бузурги инфрасохторӣ сохтмони магистралиро бо дарозии умумии 1010 километр пешбинӣ намуда, аз ҷониби оператори миллии алоқа — ҶСК «Тоҷиктелеком» татбиқ мешавад. Амалӣ гардидани он ба иҷрои Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 равона шудааст.
Сухан танҳо дар бораи бунёди як хатти нави алоқа намеравад. Магистрали мазкур бояд ба яке аз унсурҳои таҳкими соҳибихтиёрии рақамии Тоҷикистон, баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои телекоммуникатсионӣ ва тавсеаи иқтидори транзитии кишвар дар самти интиқоли байналмилалии маълумот табдил ёбад.
Диққати махсус ба қитъаи мураккаби баландкӯҳи «Хоруғ — Қулма» равона шудааст, ки дарозии он 435 километр мебошад. Бо вуҷуди шароити душвори иқлимӣ ва ҷуғрофӣ, бригадаҳои сохтмонӣ то имрӯз беш аз 38 километр кабели оптикӣ кашида, тақрибан 2500 поя насб кардаанд, ки махсус ба иқлими сарди Мурғоб мутобиқ гардонида шудаанд.
Дар қитъаи байни гузаргоҳи сарҳадии давлатии «Қулма» ва ҳудуди Субаш марҳилаи асосии корҳои сохтмонӣ ба анҷом расидааст. Дар минтақаи аҳолинишини Ҷилонди пойгоҳи зарурии техникӣ ва захираи моддию техникӣ ташкил гардида, барои идомаи корҳо дар қитъаи баландкӯҳ замина фароҳам овардааст.
Ба эътимоднокии магистрал дар шароити баландкӯҳ таваҷҷуҳи махсус дода мешавад. Бо назардошти борҳои зиёди шамолӣ ва хусусиятҳои релефи баландкӯҳӣ арматураҳои махсуси пӯлодин ва конструксияҳои мустаҳкамшуда истифода мешаванд. Ҳамчунин бинои собиқ пойгоҳи гидрометеорологӣ ба нуқтаи такягоҳии техникии хизматрасонии хат табдил дода мешавад.

Оғози пурраи баҳрабардории тиҷоратии магистрали байналмилалӣ ва ба кор даровардани нуқтаи байналмилалии пайвастшавӣ барои охири моҳи сентябри соли 2026 ба нақша гирифта шудааст.
Пас аз ба истифода додани ин иншоот магистрали мазкур панҷумин самти байналмилалии алоқаи Тоҷикистон хоҳад шуд. Пайдо шудани нуқтаи нави пайвасти фаросарҳадӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин имкон медиҳад, ки ҳалқаи захиравии шабакаи миллии телекоммуникатсионӣ ташаккул ёфта, устувории инфрасохтори рақамӣ афзоиш ёбад ва ҳамзамон таъхири интиқоли маълумот коҳиш дода шавад.
Илова бар ин, иқтидори гузариши каналҳои байналмилалӣ ба таври назаррас зиёд хоҳад шуд. Барои Тоҷикистон ин на танҳо тақвияти техникии шабака, балки васеъ гардидани имкониятҳои ҳамгироии рақамӣ бо бозорҳо ва низомҳои иттилоотии хориҷӣ мебошад.

Лоиҳа барои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аҳамияти махсус дорад. Тавсеаи инфрасохтори магистралӣ бояд барои аҳолии ноҳияҳои баландкӯҳ ва деҳаҳои дурдаст дар масири сохтмон дастрасӣ ба интернети баландсуръат, хизматрасониҳои муосири ҳукумати электронӣ, таҳсили фосилавӣ, телетиб ва хизматрасониҳои молиявии рақамиро фароҳам созад.
Ҳамин тавр, рушди инфрасохтори телекоммуникатсионӣ тадриҷан ба омили муҳими на танҳо рушди рақамӣ, балки рушди иҷтимоию иқтисодии минтақа табдил меёбад. Беҳтар шудани дастрасӣ ба интернет барои рушди соҳибкории маҳаллӣ, тиҷорати электронӣ ва соҳаи сайёҳӣ имкониятҳои иловагӣ фароҳам меорад.
Сохтмони магистрали мазкур соли 2025 оғоз гардидааст. Дар марҳилаҳои якум ва дуюм корҳои пайвасткунии қитъаҳои алоҳида пурра анҷом дода шуданд. Айни замон шабакаи магистралии баландсуръат то шаҳри Хоруғ мавриди истифодаи фаъол қарор дорад ва идомаи хат ба самти Қулма бояд барои Тоҷикистон коридори нави байналмилалии рақамиро ташаккул диҳад.
Акс: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
