Душанбе, 20 август, – АИ «Корвон Иттилоот». Сафари расмии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба Туркманистон 19 август дар шаҳри Ашқобод бо маросими гулгузорӣ ба пояи Монументи Истиқлолияти Туркманистон оғоз гардид.

Дар маросим аъзои ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони ҷониби Туркманистон иштирок намуданд.
Гулгузорӣ ба пояи яке аз рамзҳои асосии истиқлолияти давлатии Туркманистон нахустин чорабинии расмӣ дар доираи барномаи сафари вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон гардид.
Сафари Сироҷиддин Муҳриддин дар доираи рушди ҳамкориҳои байнидавлатии Душанбе ва Ашқобод сурат гирифта, ҳадафи он додани такони нав ба муколамаи сиёсӣ ва густариши ҳамкориҳои дуҷониба мебошад.
Тоҷикистон ва Туркманистон дар сатҳи роҳбарони давлатҳо ва вазоратҳои корҳои хориҷӣ робитаҳои мунтазамро ба роҳ мондаанд. Ҳамкориҳои ду кишвар самтҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, нақлиётӣ, энергетикӣ ва гуманитариро фаро мегирад.
Интизор меравад, ки зимни сафари расмӣ масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба ва дурнамои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо миёни ду давлат баррасӣ шаванд.
Дар заминаи ҳамкориҳои минтақавӣ масъалаҳои рушди робитаҳои нақлиётию транзитӣ, густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва таҳкими робитаҳо миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ аҳамияти хос доранд.
Акс: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
