Ҳайати ҷавонони Тоҷикистон дар форуми якуми волонтёрони кишварҳои ИДМ дар Остона иштирок кард - ИА Караван Инфо
Ҳайати ҷавонони Тоҷикистон дар форуми якуми волонтёрони кишварҳои ИДМ дар Остона иштирок кард

Душанбе, 21 август, – АИ «Корвон Иттилоот».  20 август дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Форуми якуми волонтёрони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба кори худ оғоз намуд, ки рӯзҳои 20–21 август идома хоҳад кард.

Дар маросими кушодашавии форум ҳайати ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд.

Форуми мазкур ба рушди ҳамкориҳои волонтёрӣ миёни кишварҳои ИДМ бахшида шуда, барои таҳкими робитаҳои ҷавонон, табодули таҷриба ва баррасии ташаббусҳои муштарак дар самти фаъолияти ихтиёрӣ замина фароҳам меорад.

Иштироки ҳайати ҷавонони Тоҷикистон дар чунин ҳамоиши минтақавӣ имкони муаррифии таҷрибаи кишвар дар соҳаи волонтёрӣ, шиносоӣ бо таҷрибаи давлатҳои дигар ва барқарор намудани робитаҳои нав бо созмонҳои ҷавонон ва волонтёрӣ мебошад.

Волонтёрӣ дар кишварҳои ИДМ дар солҳои охир ҳамчун яке аз самтҳои муҳими ҷалби ҷавонон ба фаъолияти ҷамъиятӣ ва татбиқи ташаббусҳои иҷтимоӣ рушд мекунад. Дар ин замина, баргузории чунин форум метавонад барои таҳкими ҳамкориҳои байнидавлатӣ ва эҷоди лоиҳаҳои муштараки ҷавонон заминаи нав фароҳам созад.

Форуми якуми волонтёрони кишварҳои ИДМ то 21 август идома ёфта, интизор меравад, ки дар он масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳаракати волонтёрӣ, табодули таҷриба ва самтҳои нави ҳамкорӣ миёни ҷавонони кишварҳои узви Иттиҳод баррасӣ шаванд.

Акс: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш