Душанбе, 24 август, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Душанбе мулоқоти машваратӣ оид ба баррасии Харитаи роҳ барои татбиқи Нақшаи глобалии амал оид ба масъалаҳои гендерӣ дар соҳаи ҳифзи гуногунии биологӣ баргузор гардид.

Ҳуҷҷати мазкур ҳамчун яке аз воситаҳои ворид намудани принсипҳои баробарии гендерӣ ба сиёсати ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ва татбиқи Стратегияи миллӣ ва Нақшаи амал оид ба ҳифзи гуногунии биологӣ то соли 2040 арзёбӣ мешавад.
Дар чорабинӣ муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоик Раҳмонзода, муовини Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаҳоноро Одинзода, намояндагони мақомоти давлатӣ, шарикони рушд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва коршиносон иштирок карданд.
Яке аз масъалаҳои марказӣ ворид намудани нишондиҳандаҳои гендерӣ ба низоми миллии татбиқи сиёсати ҳифзи муҳити зист буд. Харитаи роҳ дар доираи ташаббуси глобалӣ таҳия шуда, ба суръат бахшидани тағйироти низомӣ дар самти баробарии гендерӣ ва ҳифзи гуногунии биологӣ равона шудааст.
Пешбинӣ мегардад, ки нишондиҳандаҳои дар ҳуҷҷат муайяншуда ба Стратегияи миллӣ ва Нақшаи амали Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи гуногунии биологӣ барои давраи то соли 2040 ворид карда шаванд.

Аҳамияти ҷиддӣ инчунин ба мувофиқа оид ба таҳияи Ёддошти ҳамкорӣ байни Кумитаи кор бо занон ва оила ва Кумитаи ҳифзи муҳити зист дода шуд. Ин механизм бояд ҳамкории мунтазами ду сохтори давлатиро дар татбиқи чорабиниҳое, ки ҳам сиёсати экологӣ ва ҳам масъалаҳои гендериро фаро мегиранд, таъмин намояд.
Натиҷаи дигари мулоқот таъсиси гурӯҳи ягонаи миллии байнисоҳавӣ оид ба масъалаҳои гендерӣ гардид. Ин платформа барои ҳамоҳангсозии фаъолият, мубодилаи иттилоот ва маълумот, инчунин мониторинги иҷрои чорабиниҳои пешбинишуда дар Харитаи роҳ пешбинӣ шудааст.
Самти амалии ҳуҷҷат пеш аз ҳама ба гузариш аз принсипҳои умумии баробарии гендерӣ ба натиҷаҳои мушаххас ва ченшаванда алоқаманд мебошад. Муайян намудани нишондиҳандаҳои мақсадноки миллӣ имкон медиҳад, ки иштироки занон дар қабули қарорҳо, идоракунии захираҳои табиӣ, татбиқи лоиҳаҳои экологӣ ва чораҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим арзёбӣ карда шавад.
Барои Тоҷикистон ин масъала бо назардошти вобастагии қисми зиёди аҳолии деҳот аз захираҳои табиӣ аҳамияти махсус дорад. Занон дар бисёр ҷамоатҳо бевосита дар истифодаи захираҳои об, кишоварзӣ, идоракунии замин ва ҳифзи экосистемаҳои табиӣ иштирок мекунанд. Бо вуҷуди ин, иштироки онҳо дар қабули қарорҳо на ҳамеша ба сатҳи зарурӣ мерасад.

Аз ин рӯ, ворид намудани ҷузъи гендерӣ ба сиёсати миллии ҳифзи гуногунии биологӣ на танҳо васеъ намудани имкониятҳои иҷтимоии занон, балки истифодаи дониш ва таҷрибаи амалии онҳо барои идоракунии самараноктари захираҳои табииро низ дар назар дорад.
Ба арзёбии АИ «Корвон Иттилоот», таъсиси платформаи байниидоравӣ ва низоми нишондиҳандаҳои ченшаванда метавонад як қадами муҳими институтсионалӣ дар татбиқи сиёсати экологии Тоҷикистон бошад.
Афзоиши иштироки занон дар идоракунии экологӣ метавонад устувории ҷамоатҳои деҳотро таҳким бахшида, самаранокии истифодаи захираҳои табииро баланд бардорад ва ҳамзамон ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар самти ҳифзи муҳити зист ва гуногунии биологӣ мусоидат намояд.
Манбаи акс: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
