Душанбе, 26 август, – АИ «Корвон Иттилоот». Истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба платформаи электронии тиҷоратии Қазоқистон Agromarket (agromarket.asia) дастрасии мустақим пайдо карданд.

Платформа ба деҳқонони бахши B2B имкон медиҳад, ки харидорони оптовиро пайдо кунанд ва аҳдҳои тиҷоратии мустақимро онлайн, бе миёнравон бастанд. Аввалин шартномаҳо оид ба таъминоти ангури тару тоза ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ ба ритейлерҳо ва бозорҳои оптовии Ҷумҳурии Қазоқистон аллакай аз 1 миллион доллар зиёд шудаанд.
Дар доираи транзаксияҳои аввалин хоҷагии деҳқонии «Камол-Хоҷӣ» бо супермаркети онлайнии қазоқистонии Arbuz.kz шартнома оид ба таъминоти ангури тару тоза имзо кард. Инчунин шартнома бо бозори калони оптовии «Шарын» баста шуд. Маблағи умумии аҳдҳои оғозӣ аз 1 миллион доллари ИМА зиёд гардид.
Баромадани мустақими истеҳсолкунандагони тоҷик ба платформаи рақамии кишвари ҳамсоя имкониятҳои навро барои васеъ кардани ҷуғрофияи содирот, баланд бардоштани даромаднокии деҳқонон ва таҳкими робитаҳои тиҷоратию иқтисодии байни Тоҷикистон ва Қазоқистон мекушояд.
Формати электронии аҳдҳо логистикаро суръат мебахшад, шаффофияти таъминотро баланд мебардорад ва имкон медиҳад, ки ба талабот фавран вокуниш нишон дода шавад.
Аз нуқтаи назари таҳлилӣ оғози фурӯши мустақим тавассути Agromarket рақамикунонии афзояндаи содироти кишоварзии Осиёи Марказиро инъикос мекунад.
Дар шароите, ки Тоҷикистон пайваста таъминоти маҳсулоти тару тозаро ба бозорҳои ЕАЭС афзоиш медиҳад, чунин воситаҳо хароҷоти транзаксиониро коҳиш медиҳанд, рақобатпазирии истеҳсолкунандагони ватаниро мустаҳкам мекунанд ва ба ташаккули занҷирҳои устувори таъминот мусоидат менамоянд.
Аввалин шартномаҳои муваффақ ба маблағи зиёда аз 1 миллион доллар талаботро ба ангури тоҷикӣ тасдиқ карда, пояи васеъ кардани минбаъдаи содироти рақамиро эҷод мекунанд.
Акс: Хадамоти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
