Душанбе, 07 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». 4 сентябри соли 2026 дар шаҳри Лондон бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пазироии расмӣ баргузор гардид. Дар доираи чорабинӣ ҳамчунин намоишгоҳи маҳсулоти ватанӣ ва гӯшаи фарҳангии Тоҷикистон ташкил карда шуд.

Дар ин чорабинии бошукӯҳ намояндагони аршади Ҳукумати Подшоҳии Муттаҳида, Вазорати корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушд, вакилону лордҳо, намояндагони вазорату идораҳои гуногуни кишвари иқомат, аъзои корпуси дипломатии муқими Лондон, намояндагони бахши хусусӣ, расонаҳои хабарӣ, муассисаҳои илмию фарҳангӣ ва ҳамватанони муқими Подшоҳии Муттаҳида ҳузур доштанд.
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Муттаҳида муҳтарам Рухшона Эмомалӣ зимни суханронии табрикотии худ ба аҳамияти таърихию сиёсии Истиқлоли давлатӣ ва дастовардҳои назарраси Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
Ҳамзамон ӯ аз мавқеи рӯзафзуни Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ёдовар шуда, дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба ва густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолиро таъкид кард.

Пас аз анҷоми бахши расмии чорабинӣ сарояндаи хушсалиқаи тоҷик Ҳуҷастаи Мирзовалӣ бо иҷрои сурудҳои тоҷикӣ ва асарҳои опера ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшида, табъи меҳмононро болида гардонид.
Баргузории пазироии тантанавӣ дар Лондон дар рӯзҳои ҷашни 35-солагии истиқлолият кори пайгиронаи хадамоти дипломатии Тоҷикистонро оид ба пешбурди имиҷи миллӣ ва таҳкими робитаҳо бо шарикони хориҷӣ инъикос мекунад.
Омезиши муколамаи расмӣ, намоиши дастовардҳои кишвар ва барномаи фарҳангӣ ба ташаккули дарки мусбати Тоҷикистон дар Британияи Кабир ва густариши алоқаҳои гуманитарӣ ва иқтисодӣ мусоидат менамояд.
Акс: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Муттаҳида
