Душанбе, 17 октябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Аз 12 то 16 октябр дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ду чорабинии минтақавӣ оид ба ҳифз ва истифодаи устувори захираҳои генетикии ҷангал баргузор мешаванд. Дар онҳо ҳайати Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази таҳия ва татбиқи лоиҳаҳо»-и Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок дорад. Дар ин хусус аз Агентии хоҷагии ҷангал хабар доданд.

Дар доираи чорабиниҳо маҳсулоти аз захираҳои ғайричӯбии ҷангалҳои Тоҷикистон бадастомада муаррифӣ гардид. Ба ин маҳсулот чормағзҳои коркард ва бастабандишуда, инчунин меваҳои худрӯи ҷангал дохил мешаванд.
Иштироки ҳайати Тоҷикистон ба муаррифии маҳсулоти соҳаи хоҷагии ҷангал ва густариши ҳамкорӣ бо шарикони минтақавӣ равона шудааст. Ин гуна чорабиниҳо барои табодули таҷрибаи амалӣ дар самти ҳифзи захираҳои ҷангал ва истифодаи оқилонаи онҳо аҳамияти муҳим доранд.
Таваҷҷуҳи иштирокдорони чорабиниҳо ба таҳкими ҳамкории минтақавӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ равона шудааст. Табодули таҷриба ва муаррифии маҳсулоти аз захираҳои табиӣ бадастомада ба кишварҳо имкон медиҳад, ки бо таҷрибаи ҳамдигар шинос шаванд ва имкониятҳои густариши ҳамкории минбаъдаро дар ин самт баррасӣ намоянд.
Акс: Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
