Душанбе, 17 октябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Мизи мудаввар оид ба сиёсат ва сармоягузорӣ 16 октябр бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) баргузор гардид. Дар он намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, мутахассисони соҳа ва меҳмонон аз хориҷи кишвар иштирок доранд.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ зимни ифтитоҳи ҳамоиш таъкид кард, ки ҳар як кӯдак ҳуқуқи ҷудонашавандаи дар муҳити озод аз зӯроварӣ, суиистифода, истисмор, беэътиноӣ ва дигар амалҳои ба саломатӣ ва некӯаҳволии ӯ зараровар ба воя расиданро дорад. Ба гуфтаи ӯ, ҳифзи кӯдакон на танҳо уҳдадории ахлоқӣ ва ҳуқуқии давлату ҷомеа, балки сармоягузории муҳим ба суботи дарозмуддат, шукуфоӣ ва некуаҳволии кишвар мебошад.
Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода изҳор дошт, ки Тоҷикистон ба ислоҳоти низоми ҳифзи кӯдакон ва ҳифзи иҷтимоӣ уҳдадории қавии сиёсӣ дорад. Ин раванд такмили механизмҳои амалкунандаи дастгирӣ ва тақвияти ҳамкории сохторҳои давлатиро, ки барои таъмини некӯаҳволии кӯдакон ва оилаҳо масъуланд, дар бар мегирад.

Роҳбари намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Габриэл Акимова ба оқибатҳои дарозмуддати ҳифз ва дастгирии нокифояи кӯдакон таваҷҷуҳ зоҳир кард. Ба гуфтаи ӯ, кӯдаконе, ки бо зӯроварӣ, беэътиноӣ, ҷудоӣ аз оила, маҳрумиятҳои вобаста ба маъюбият, нигоҳубини нокифоя ва осебпазирии иҷтимоӣ рӯ ба рӯ мешаванд, дар оянда метавонанд дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва шуғл ба мушкилоти ҷиддӣ дучор гарданд.
Ӯ ҳамчунин таъкид кард, ки таъсири ин омилҳои манфӣ бо мурури замон ҷамъ мешавад. Ин ҳолат метавонад боиси коҳиш ёфтани ҳосилнокии меҳнат, афзоиши хароҷоти минбаъдаи давлатӣ ва маҳдуд шудани имкониятҳои рушди сармояи инсонӣ гардад.

Мизи мудаввар ба таҳкими низоми ҳамгирои ҳифзи иҷтимоӣ ва такмили механизмҳои таъмини ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон дар Тоҷикистон равона шудааст. Баррасии ин масъалаҳо барои ташаккули равишҳои ҳамоҳангшудаи ҳифзи кӯдакон ва дастгирии оилаҳои осебпазир замина фароҳам меорад.
Акс: Радиои “Садои Душанбе”
