Душанбе, 08 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар шаҳри Душанбе7 сенябр мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид. Мусобиқа дар доираи чорабиниҳои ҷашнии бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, теннисбозони 14 давлат ва минтақа барои ба даст овардани унвони ғолиб ва Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рақобат мекунанд.

Маросими расмии ифтитоҳи мусобиқа бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода, намояндагони сохторҳои давлатӣ, роҳбарияти Федератсияи тенниси Тоҷикистон, меҳмонони расмӣ, мураббиён ва варзишгарон баргузор гардид.
Зимни маросими ифтитоҳ таъкид шуд, ки рушди варзиши касбӣ ва оммавӣ, фароҳам овардани шароити муносиб барои омодагии варзишгарон ва иштироки онҳо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии соҳаи варзиш ба ҳисоб меравад.
Дар ин замина, мусобиқаи байналмилалии теннис барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳаммияти хос дорад. Баргузории чунин чорабиниҳо ба рушди теннис дар кишвар, баланд бардоштани маҳорати варзишгарон, ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш ва дарёфту дастгирии истеъдодҳои нав мусоидат мекунад.

Дар мусобиқа намояндагони Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Русия, Беларус, Чин, Ҳонконг, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Ҷумҳурии Корея, Ҳиндустон, Малайзия ва Ҷумҳурии Чех иштирок доранд.
Ҷуғрофияи васеи иштирокчиён ба мусобиқа мақоми байналмилалии бештар дода, барои теннисбозони тоҷик имкони хуби санҷиши маҳорати касбӣ дар рақобат бо варзишгарони хориҷӣ фароҳам меорад. Ҳамзамон, чунин мусобиқаҳо барои ба даст овардани таҷрибаи байналмилалӣ ва густариши робитаҳои касбии варзишӣ замина мегузоранд.
Мусобиқа аз 7 то 12 сентябри соли 2026 идома ёфта, дар ин муддат теннисбозон барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ ва ҷоизаи асосии мусобиқа — Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мубориза мебаранд.
Дар маросими ифтитоҳ Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дода, баъдан мусобиқа расман оғоз гардид.

Баргузории мусобиқаи байналмилалии теннис дар соли ҷашнии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз таваҷҷуҳи пайваста ба рушди варзиш ва густариши ҳамкориҳои байналмилалии варзишӣ дарак медиҳад. Барои иштирокчиён шароити зарурӣ муҳайё гардида, сабқатҳо тибқи талаботи муқарраргардида баргузор мешаванд.
Ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа дар маросими ҷамъбастӣ бо мукофотҳои дахлдор қадрдонӣ карда мешаванд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
