Остона, 12 сентябри соли 2026-АИ Караван Инфо. Дар Қазоқистон қабули дархостҳо барои ҷоизаи байналмилалии “Ихтиёриёни сол” оғоз ёфт. Озмуни мазкур аз ҷониби Вазорати фарҳанг ва иттилоот дар доираи супориши Президент Қасим-Жомарт Токаев оид ба рушд ва дастгирии ҳаракати ихтиёриён гузаронида мешавад.

Ҷоиза барои қайд намудани ихтиёриён, гурӯҳҳо ва ташкилотҳое, ки дар ҳалли вазифаҳои иҷтимоӣ ва ҷамъиятӣ саҳми назаррас гузоштаанд, пешбинӣ шудааст. Ҷоизаҳо имсол дар 15 номинатсия тақдим намуда мешаванд – аз кӯмак ба ҳолатҳои фавқулодда ва ҷустуҷӯи одамони гумшуда то ҳифзи ҳайвонот, муҳити зист, рушди тандурустӣ ва ҳифзи мероси фарҳангӣ.
Як иштирокчӣ метавонад танҳо дар як номинатсия муроҷиат кунад. Ҳуҷҷатҳо аз санаи 7 то 27 сентябри соли 2026 тавассути платформаи қабул намуда мешаванд.
“Волонтёрӣ як қисми муҳими ҷомеаи шаҳрвандӣ дар асоси масъулият, ҳамбастагӣ ва омодагӣ ба кӯмак ба дигарон аст” гуфт вазорати фарҳанг ва иттилоот.
Шартҳои муфассали озмун дар портали ва дар системаи иттилоотӣ – ҳуқуқии «Эдилет» (Адилет – адолат) нашр шудаанд.
Аксҳо: МКИ ҶҚ
