Остона, 12 сентябри соли 2026-АИ Караван Инфо. Нависанда, шоир, публисист ва рӯзноманигори маъруф Валерий Михайлов дар рӯзи 80-солагии худ бо ордени “Барис” дараҷаи I мукофотонида шуд. Фармони дахлдорро санаи 7-уми сентябр Президент Касим-Жомарт Токаев барои саҳми махсус дар рушди адабиёти ватанӣ имзо намуд.

Михайлов солҳои зиёд дар нашрияҳои пешрафтаи Қазоқистон кор карда, рӯзномаи “Казахстанская правда” ва маҷаллаи “Простор” – ро роҳбарӣ намудааст. Ӯ муаллифи зиёда аз 20 китоб аст, ки қисми зиёди онҳо ба хотираи таърихӣ ва тақдири Қазоқистон бахшида шудаанд. Асарҳои ӯ ба як қатор забонҳои хориҷӣ тарҷума шудаанд.
Ҷои махсусро “Хроникаи ҷути бузург” дар бораи рӯйдодҳои фоҷиабори солҳои 1930-ум ишғол мекунад. Нависанда инчунин асарҳои муаллифони қазоқистонро ба забони русӣ тарҷума намудааст.
Касим — Жомарт Токаев дар телеграммаи табрикӣ қайд намуд: “таланти табиӣ ва меҳнатдӯстии нодир асоси роҳи бузурги муваффақи эҷодии Шумо гардид”.
Валерий Михайлов инчунин кавалери ордени «Парасат», ордени «Барис» дараҷаи II ва барандаи ҷоизаи «Алаш» мебошад. Соли 2024 ба ӯ унвони «Қазақстаннин Халиқ жазушиси» (Нависандаи Халқии Қазоқистон) дода шуд.
Аксҳо: МКИ ҶҚ
