Захираи генетикии оянда: дар Тоҷикистон махзани нави навъҳо ва генотипҳои арзишманди растанӣ таъсис меёбад - ИА Караван Инфо
Захираи генетикии оянда: дар Тоҷикистон махзани нави навъҳо ва генотипҳои арзишманди растанӣ таъсис меёбад

Душанбе, 11 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот».  Дар Тоҷикистон корҳои барқарорсозӣ ва таҷдиди бинои Бонки генетикии растаниҳо дар заминаи озмоишгоҳи генетика ва селексияи растаниҳои Институти биология ва физиологияи растаниҳои Академияи миллии илмҳо ба анҷом наздик мешаванд.

Махзани нав имкон медиҳад, ки дар ҳарорати аз 0 то -30 дараҷа зери сифр беш аз 1 ҳазор намунаи генетикии растаниҳои кишоварзӣ, доруворӣ, ороишӣ ва дигар зироатҳо нигоҳдорӣ карда шавад. Ин захира метавонад барои барномаҳои минбаъдаи генетикӣ ва селексионӣ ва ҳифзи генофонди растаниҳои кишвар заминаи илмӣ фароҳам созад.

Тавре дар институт иттилоъ доданд, маводи генетикии ҷамъоваришуда дар оянда дар доираи таҳқиқоти генетикӣ ва селексионӣ истифода хоҳад шуд. Ба ин маъно, инфрасохтори нав на танҳо ҳамчун махзани махсуси нигоҳдории намунаҳо, балки ҳамчун пойгоҳи илмӣ барои ба вуҷуд овардани навъҳои нави ба бемориҳо, хушксолӣ ва дигар омилҳои табиӣ тобовар аҳаммият хоҳад дошт.

Ба гуфтаи мудири озмоишгоҳи генетика ва селексияи растаниҳо, доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор Қурбоналӣ Партоев, олимони институт корҳои муҳими илмиро оид ба рамзкушоии ДНК-и баъзе навъҳои зироатҳои кишоварзӣ ва дар заминаи он муайян кардани шиносномаи генетикии онҳо анҷом медиҳанд. Ин равиш имкон медиҳад, ки аломатҳои ирсии арзишманди растаниҳо дақиқтар муайян гардида, барои истифодаи минбаъдаи онҳо дар корҳои селексионӣ замина фароҳам шавад.

Миқёси маводи илмии то имрӯз ҷамъоваришуда аҳаммияти ин корро боз ҳам равшантар нишон медиҳад. Фонди гербарии институт беш аз 200 ҳазор намунаи арзишманди эндемикҳо ва таксонҳои ботаникии растаниҳоро дар бар мегирад, ки бойгарии олами набототи Тоҷикистонро инъикос мекунанд. Ҳамзамон коллексияи арабидопсис низ ҷамъоварӣ ва нигоҳдорӣ мешавад, ки беш аз 100 генотип дошта, ҳамчун объекти муҳими генетикӣ барои моделсозии навъҳои нави растаниҳо дар оянда истифода мешавад.

Коллексияи бойи зироатҳои ситрусӣ низ ҷамъоварӣ ва ҳифз гардидааст, ки беш аз 20 генотипи арзишманд дошта, аз ҷумла аз нуқтаи назари саломатии инсон аҳаммияти муҳим доранд.

Қурбоналӣ Партоев таъкид намуд, ки дар солҳои истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси истифодаи чунин усулҳои генетикӣ ва селексионӣ, аз қабили интродуксия, гибридизатсия ва мутагенез, олимон генотипҳои арзишманди гандум, картошка, пахта, ҷуворимакка, офтобпараст, зироатҳои лӯбиёгӣ, сабзавотӣ ва хӯроки чорво, инчунин растаниҳои арзишманд — арабидопсис, коснӣ, эгилопсис ва дигар намудҳоро ба даст овардаанд.

Яке аз натиҷаҳои назарраси ин кор ба вуҷуд овардани навъҳои серҳосили картошка — «Тоҷикистон», «Академияи илмҳо-1», «Дӯстӣ», «Рашт», «Файзобод», «Сурхоб», «Нилуфар», «Файзи Истиқлол» ва «Мастчоҳ» мебошад. Ин навъҳо дар баробари ҳосилнокии 40–50 тонна аз як гектар, дар лӯндаҳои худ миқдори зиёди ионҳои оҳани озод ва йод доранд, ки барои пешгирӣ ва мубориза бо камхунӣ ва бемории ҷоғар дар инсон унсурҳои муҳим ба ҳисоб мераванд. Айни ҳол ин навъҳои картошка дар ҷумҳурӣ дар майдони беш аз 10 ҳазор гектар кишт карда мешаванд.

Натиҷаҳои бадастомада дар самти генотипҳои гандум низ аҳаммияти хос доранд. Дар раванди селексия олимон ба гирифтани чунин хусусиятҳо, аз ҷумла тобоварӣ ба хобравии поя, устуворӣ ба бемориҳо, аз ҷумла занг, баландии поя, маҳсулнокӣ ва ҳосилнокӣ, таваҷҷуҳи мақсаднок зоҳир кардаанд.

Дар асоси чунин корҳои генетикӣ намунаи нави гандуми «Тобистона» ҷудо карда шудааст, ки бо тобоварӣ ба хушксолӣ ва имкони гирифтани ду ҳосили ғалла дар як сол фарқ мекунад. Ҳангоми кишти ин генотип дар моҳи октябр то моҳи июн метавон то 5 тонна аз як гектар ҳосил гирифт. Дар сурати кишти такрорӣ дар аввали моҳи июл то моҳи ноябр имкони гирифтани боз то 4 тонна аз як гектар ҳосили дуюм вуҷуд дорад.

Ҳамин тариқ, дар заминҳои обёришаванда аз як генотипи нави гандум дар давоми як сол метавон то 9 тонна ғалла аз як гектар истеҳсол кард.

Самти дигари муҳим гибридизатсияи гандум бо тритикале мебошад. Дар натиҷа гибриди нави гандуму тритикале ба даст оварда шудааст, ки ҳосилнокии он то 10 тонна аз як гектар расида, ба бемориҳо ва хобравии поя устувории баланд дорад.

Бо истифода аз усули гибридизатсияи дури ҷуворимакка олимон гибриди нави серҳосили ҷуворимаккаро ба даст овардаанд, ки дар як поя се хӯша дошта, ба хобравӣ тобовар мебошад. Ҳосилнокии ғаллаи он то 15 тонна аз як гектар ва ҳосилнокии массаи сабз то 25 тонна аз як гектар мерасад.

Дар ҳамкорӣ бо олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон навъи нави пахта ба даст оварда шудааст, ки дорои гулҳои клейстогамӣ буда, ҳангоми гулкунӣ кушода намешаванд. Ҳосилнокии пахтаи хоми ин навъ 30–35 сентнер аз як гектар мебошад. Ба гуфтаи олимон, генотипи нави бадастомада метавонад дар корҳои минбаъдаи селексионӣ ва генетикӣ, аз ҷумла барои пешгирӣ намудани гардолудшавии байнинавъӣ, самаранок истифода шавад.

Таҳқиқот бо истифода аз усули мутагенез низ идома дорад. Ҳангоми таъсиррасонӣ ба тухмии гандум ва ҷав бо кобалт ва сезий (Co60 ва Cs137) навъҳои нави сермаҳсул ба даст оварда шудаанд. Таъсиррасонӣ ба тухмии помидор бо мутагени химиявӣ — азиди натрий — имкон додааст, ки генотипи нави арзишманди помидор бо зиёд шудани шумораи камераҳои мева ва ҳосилнокии баланди то 45–50 тонна аз як гектар ба даст оварда шавад.

Дар байни натиҷаҳои дигари корҳои селексионӣ навъи нави ҷавдор «Назар» низ қарор дорад, ки шакли тағйирёфтаи мӯякҳои хӯша ва ҳосилнокии ғаллаи то 7,5 тонна аз як гектар дорад.

Дар раванди корҳои селексионӣ бо зироатҳои лӯбиёгӣ низ генотипҳои арзишманд ба даст оварда шудаанд. Аз ҷумла, генотипи нави лӯбиё таҳия шудааст, ки дарозии пояи он ба 4 метр мерасад ва ҳосилнокиаш 3–5 тонна аз як гектар мебошад.

Дар ҳамкорӣ бо олимони Федератсияи Россия бори аввал гибридизатсияи сорго гузаронида шуда, дар натиҷа генотипҳои нави арзишманди ин зироат бо ҳосилнокии ғалла то 8 тонна аз як гектар ба даст оварда шудаанд.

Дар чунин замина таъсиси Бонки генетикии растаниҳо аҳаммияти стратегӣ пайдо мекунад. Нигоҳдории маводи генетикӣ дар ҳарорати назоратшаванда имкон медиҳад, ки намунаҳои ҷамъоваришуда аз хатари нобудшавӣ ҳифз гардида, пайвастагии корҳои бисёрсолаи селексионӣ таъмин карда шавад. Барои кишваре, ки дорои минтақаҳои гуногуни табиӣ ва иқлимӣ — аз заминҳои обёришавандаи водиҳо то минтақаҳои баландкӯҳ — мебошад, доштани захираи миллии генетикӣ барои мутобиқсозии кишоварзӣ ба хушксолӣ, бемориҳо ва дигар тағйироти муҳити зист аҳаммияти рӯзафзун дорад.

Дар маҷмӯъ, Бонки генетикии нав бояд ду самти муҳимро ба ҳам пайвандад — ҳифзи мероси биологӣ ва эҷоди технологияҳои кишоварзии оянда. Аз ин рӯ, генотипҳои имрӯз ҷамъоваришуда танҳо маводи коллексионӣ нестанд, балки метавонанд ба захираи дарозмуддати рушди селексия, таҳкими амнияти озуқаворӣ ва баланд бардоштани устувории соҳаи кишоварзии Тоҷикистон табдил ёбанд.

АКС: Институти ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон