Президенти Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли шарбатҳои мевагӣро дар минтақаи Рашт ба истифода дод - ИА Караван Инфо
Президенти Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли шарбатҳои мевагӣро дар минтақаи Рашт ба истифода дод

Душанбе, 12 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот».Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 11 сентябр дар ҷараёни сафари корӣ ба ноҳияи Рашт корхонаи фаръии истеҳсоли шарбатҳои саноати ғизоии минтақаи Раштро ба истифода дод.

Ин иншооти нав барои рушди истеҳсолоти ватанӣ, коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, афзоиши ҳаҷми маҳсулоти ҷойивазкунандаи воридот ва таъмини бозори дохилӣ бо молҳои босифат равона гардидааст.

Корҳои сохтмонӣ дар корхона соли 2023 оғоз ёфта, моҳи августи соли 2026 ба анҷом расиданд. Дар рафти сохтмон 30 нафар мутахассис ҷалб гардида буданд. Бо ба истифода додани иншоот 17 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойҳои кори доимӣ таъмин шуданд.

Корхона бо таҷҳизоти зарурии истеҳсолӣ муҷаҳҳаз буда, барои истеҳсоли шарбатҳои мевагӣ дар зарфҳои шишагӣ бо ҳаҷми аз 0,5 то 1 литр пешбинӣ шудааст. Иқтидори истеҳсолӣ 540 ҳазор литр маҳсулот дар як мавсим ва то 1 миллиону 200 ҳазор литр дар як солро ташкил медиҳад. Ашёи хом аз хоҷагиҳои минтақа таъмин карда мешавад ва маҳсулоти тайёр барои таъмини аҳолии ноҳияҳои наздик, инчунин дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ равона мегардад. Имкониятҳои содироти маҳсулот ба бозорҳои хориҷӣ низ пешбинӣ шудаанд.

Ҳамон рӯз Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои яхдонии корхонаро низ ба истифода дод. Масоҳати умумии он 500 метри мураббаъ, иқтидори ҷойгиркунии яхдонҳо — 600 тонна маҳсулот аст. Анбори корхона барои нигоҳдории то 200 тонна маҳсулот пешбинӣ шудааст.

Мавҷудияти чунин иқтидорҳои нигоҳдорӣ имкониятҳои васеътарро барои ҳифзи маҳсулоти кишоварзӣ, пешгирии талафоти он, фароҳам овардани шароити мусоид барои коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ва таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти тозаи ватанӣ фароҳам меорад.

Дар наздикии ин корхона бунёди корхонаи нави истеҳсоли меваҳои хушк ба нақша гирифта шудааст, ки дар давоми як сол сохта ва ба истифода дода мешавад.

Ба истифода додани корхонаи шарбатистеҳсолкунӣ ва маҷмааи яхдонӣ дар минтақаи Рашт пойгоҳи истеҳсолии минтақаро таҳким бахшида, ба эҷоди ҷойҳои корӣ мусоидат мекунад ва имкониятҳои коркарди амиқи ашёи хоми кишоварзиро васеъ мегардонад, ки ба афзалиятҳои сиёсати саноатӣ ва озуқавории кишвар мутобиқат менамояд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон