Душанбе, 18 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират ва Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе корҳои фаҳмондадиҳиро бо муҳоҷирони меҳнатии бозгашта ва шаҳрвандоне, ки барои фаъолияти меҳнатӣ ба Федератсияи Русия сафар мекунанд, идома медиҳанд.

Дар ҷараёни мулоқотҳо ба шаҳрвандон шарҳ дода мешавад, ки аз соли 2027 талаботи марбут ба танзими муҳоҷирати меҳнатӣ ва будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Федератсияи Русия пурзӯр карда мешаванд. Ҳадафи ин тағйирот танзими равандҳои муҳоҷират ва таъмини муҳоҷирати бехатар арзёбӣ мегардад.
Тибқи Консепсияи давлатии сиёсати муҳоҷиратии Федератсияи Русия барои солҳои 2026–2030, ки бо Укази Президенти Федератсияи Русия аз 15 октябри соли 2025, №738 тасдиқ шудааст, дар самти такмили танзими муҳоҷират як қатор тағйироти қонунгузорӣ амалӣ мешаванд.
Дар доираи ин раванд Думаи давлатӣ ва Шӯрои Федератсияи Русия як қатор қонунҳои федералиро вобаста ба будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва аъзои оилаҳои онҳо дар қаламрави Русия баррасӣ ва қабул намудаанд.

Яке аз самтҳои муҳими тағйирот назорати маълумот дар бораи даромад ва шуғли шаҳрвандони хориҷӣ мебошад. Мақомоти андоз вазифадор мешаванд, ки маълумоти дахлдорро ба мақомоти корҳои дохилӣ пешниҳод намоянд.
Тибқи тавзеҳоти Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ низ дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун бояд маълумот ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи даромад ва пардохти андозро пешниҳод намоянд.
Ҳамзамон барои баъзе гурӯҳҳои шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла шахсоне, ки дар шакли рӯзона таҳсил мекунанд, ноболиғон, нафақахӯрон ва баъзе категорияҳои дигар, имтиёзҳои муайян пешбинӣ шудаанд.
Қисме аз меъёрҳои нави қонунгузорӣ аз 1 январи соли 2027 мавриди амал қарор мегиранд. Аз ҷумла, барои шаҳрвандони хориҷие, ки дар Русия фаъолияти меҳнатӣ доранд, талаботи марбут ба сатҳи ҳадди ақалли даромад низ пешбинӣ шудааст.

Тибқи шарҳи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, чунин даромад бояд барои таъмини зиндагии худи шаҳрванд ва аъзои оилаи ӯ, ки бо ӯ дар Русия зиндагӣ мекунанд ва таҳти таъминоти молиявии ӯ қарор доранд, кофӣ бошад. Ҳаҷми ин даромад набояд аз ҳадди ақалли рӯзгор бо дарназардошти коэффитсиенти минтақавӣ камтар бошад.
Қисме аз тағйироти марбут ба воридшавӣ ба қаламрави Федератсияи Русия аз 1 марти соли 2027 пурзӯр карда мешаванд. Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон шаҳрвандонеро, ки барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия сафар мекунанд, ба риояи талаботи нави қонунгузорӣ ва омодасозии саривақтии ҳуҷҷатҳои зарурӣ даъват менамояд.
Дар ин замина, корҳои фаҳмондадиҳӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе аҳамияти амалӣ доранд, зеро шаҳрвандон пеш аз сафар метавонанд оид ба қоидаҳои нави будубош, талаботи ҳуҷҷатгузорӣ ва уҳдадориҳои худ маълумоти зарурӣ гиранд.

Хадамоти муҳоҷират таъкид менамояд, ки дар сурати пайдо шудани саволҳо ё зарурати гирифтани машварати ҳуқуқии ройгон шаҳрвандон метавонанд ба мутахассисони Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия муроҷиат намоянд.
Ҳадафи чунин корҳои фаҳмондадиҳӣ пеш аз ҳама баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандон ва пешгирии мушкилоти ҳуқуқӣ ҳангоми будубош ва фаъолияти меҳнатӣ дар қаламрави Федератсияи Русия мебошад.
АКС: Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
