Душанбе, 22 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон18 сентябр таҳти роҳбарии вазири адлия Музаффар Ашуриён гузориши навбатии даврии миллии кишварро ба Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак пешниҳод намуд. Ҷаласаи мазкур дар шаҳри Женева дар доираи иҷлосияи 101-уми Кумита баргузор гардид.

Тавре дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар доданд, ҳайати Тоҷикистон оид ба раванди иҷрои муқаррароти Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак ва тадбирҳои аз ҷониби кишвар барои такмили минбаъдаи низоми ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон андешидашаванда маълумоти муфассал пешниҳод кард.
Зимни муколама бо аъзои Кумита ва гузоришгарони масъул оид ба Тоҷикистон нишондиҳандаҳо ва натиҷаҳои кишвар дар самти ҳифзи ҳуқуқи кӯдак муаррифӣ шуданд. Ба таъмини ҳуқуқи кӯдакони дорои маъюбият, пешбурди ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, пешгирии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон ва мубориза бо хариду фурӯши кӯдакон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Ҳамчунин масъалаҳои таъмини дастрасии кӯдакон ба таҳсил ва хизматрасониҳои тиббӣ, инчунин дигар самтҳои татбиқи муқаррароти Конвенсия дар заминаи ислоҳоти қонунгузорӣ ва иҷрои тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак баррасӣ шуданд.

Пешниҳоди гузориши даврии миллӣ бахше аз механизми байналмилалии мониторинги иҷрои уҳдадориҳои давлатҳо дар доираи Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак мебошад. Ин раванд баррасии таҷрибаи миллӣ ва муколамаи минбаъда бо давлатро оид ба масъалаҳои ҳифз ва таъмини ҳуқуқи кӯдакон дар бар мегирад.
Дар натиҷаи муҳокима Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак ба муколамаи созанда, таҳлили тағйироти мусбат ва омодагии Тоҷикистон барои идомаи баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои мубрами ин соҳа баҳои баланд дод.
ФОТО: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария
