Хуҷанд, 23 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». 22 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Навбаҳори шаҳри Хуҷанд бинои муосир ва зебо ороишёфтаи боғчаи хусусии «Хуршеди Истиқлол»-ро ифтитоҳ намуд. Муассисаи нави томактабӣ дар масоҳати 1300 метри мураббаъ бунёд гардида, барои 600 нафар кӯдак пешбинӣ шудааст.

Боғча аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Раҳим Раҷабзода ба дастгирии ташаббусҳои эҷодӣ ва созандаи Пешвои миллат ва ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст. Муассиса бо тамоми шароити зарурӣ барои таълиму тарбияи кӯдакон муҷаҳҳаз шудааст.
Бино аз се ошёна иборат буда, 36 синфхона ва як қатор ҳуҷраҳои ёрирасонро дар бар мегирад. Тамоми ҳуҷраҳо бо воситаҳои муосир муҷаҳҳаз гардида, бо назардошти талаботи муосири таълиму тарбияи кӯдакон эҷод шудаанд.
Таълим бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ бурда мешавад. Барои таълиму тарбияи кӯдакон тарбиятгарони ботаҷриба ҷалб гардидаанд. Дар маҷмуъ дар муассиса зиёда аз 90 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд. Бино бо таҷҳизоти муосири таълимӣ ва техникӣ, инчунин воситаҳои зарурии бехатарӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Долонҳои дохилӣ бо тасвирҳои қаҳрамонони афсонавӣ оро дода шудаанд.

Пешвои миллат бо шинос шудан бо шароити фароҳамовардашуда бо тарбиятгирандагон сӯҳбати гарм орост ва ба онҳо тӯҳфаҳо супорид. Дар боғча толорҳои мусиқӣ ва варзишӣ эҷод гардидаанд, ки ба шинос кардани кӯдакон бо зебоӣ, тарбияи муҳаббат ба фарҳанг ва ташаккули тарзи ҳаёти солим равона шудаанд. Илова бар ин, муассиса дорои нуқтаи тиббӣ, кабинети логопед ва ошхонаи фарох мебошад.
Дар ҷараёни сӯҳбат бо масъулон ва тарбиятгарон Президенти кишвар бинои муосир ва зебо ороишёфтаи боғчаро тӯҳфаи арзишманд ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон номид ва даъват кард, ки шароити фароҳамовардашударо самаранок истифода бурда, тамоми дониш, малака ва маҳорати касбии худро ба тарбияи кӯдакон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ равона созанд.
Дар ҳудуди боғча 18 соябони мутобиқ ба талаботи муосир ва барои гузаронидани машғулиятҳо пешбинишуда бунёд гардидааст. Дар ин ҷо инчунин майдончаи варзишӣ барои бозиҳои кӯдакон ва гӯшаи табиати зинда эҷод шудааст.

Сарвари давлат бо муфассал шинос шудан бо имкониятҳои муассиса аз муассисон барои дастгирии ташаббусҳои созанда ва сохтмонии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуд ва қайд кард, ки татбиқи чунин ташаббусҳои наҷиб омили муҳими расидан ба ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мебошад.
Ифтитоҳи муассисаи муосири томактабии «Хуршеди Истиқлол» дар Хуҷанд қадами навбатии амалӣ дар рушди низоми таҳсилоти томактабӣ, эҷоди шароити мусоид барои тарбияи кӯдакон ва дастгирии ташаббуси хусусӣ дар соҳаи иҷтимоӣ мебошад.
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
