Варзишгарони машҳур ба ҳайати  Қазақстан Халиқ Кенеси  дохил  шуданд - ИА Караван Инфо
Варзишгарони машҳур ба ҳайати  Қазақстан Халиқ Кенеси  дохил  шуданд

Остона, 24 сентябри соли 2026-АИ Караван Инфо. Варзишгарони маъруфи Қазоқистон ва роҳбарони федератсияҳои миллӣ ба Ҳайати Қазақстан Халиқ Кенеси (Шӯрои Халқии Қазоқистон) дохил шуданд, ки аз ҷониби Сарвари давлат тасдиқ карда шуд.

Дар байни онҳо Ҷоизадори нуқраи Олимпиадаи Сидней Ислом  Байрамуков, қаҳрамони олимпии Атланта Юрий Мелниченко, қаҳрамони ҷаҳон оид ба ММА (Эм-Эм-Эй), панкратион ва джиу-джитсуи ҷангӣ Василий Тахтай, устоди ММА (Эм-Эм-Эй) Нурсултон Оринбасаров ва ҷоизадори чемпионати Осиё ва бозиҳои Осиё Ирина Эктова.

Шӯроро инчунин роҳбарони федератсияҳои варзишӣ Шаҳмурат Муталип, Ҳоҷӣ Ҳоҷиев, Алия Юсупова ва Нургул Улҷекова намояндагӣ мекунанд.

“Варзишгарон на танҳо таҷрибаи касбӣ доранд, балки малакаҳои кори дастаҷамъӣ, интизом ва масъулият доранд. Ман боварӣ дорам, ки дониши онҳо дар муколамаи ҷамъиятӣ муфид хоҳад буд”, – қайд кард президенти федератсияи бокси Қазоқистон Шаҳмурат Муталип.

Намояндагони соҳаи варзиш имконият пайдо карданд, ки дар кори мақоми нави машваратӣ дар баробари фаъолони ҷамъиятӣ, соҳибкорон ва коршиносони дигар соҳаҳо иштирок намоянд.

Аксҳо: Акорда