Қазоқистон  ва  Швейтсария  имкониятҳои  парвозро  васеъ  мекунанд - ИА Караван Инфо
Қазоқистон  ва  Швейтсария  имкониятҳои  парвозро  васеъ  мекунанд

Остона, 24 сентябри соли 2026-АИ Караван Инфо. Дар Остона музокироти байни мақомоти авиатсионии Қазоқистон ва Швейтсария баргузор шуд. Ҷонибҳо Ёддошти тафоҳумро имзо намуданд, ки ба ширкатҳои ҳавопаймоии таъиншуда имкон медиҳад, ки дар як ҳафта то 28 парвози мусофирбар анҷом диҳанд ва инчунин заминаи ҳуқуқии парвозҳои боркашро бидуни маҳдудияти басомад ва ҳаҷм фароҳам оранд.

Ҳайати Қазоқистонро раиси Кумитаи авиатсияи граждании Вазорати нақлиёт Салтанат Томпиева роҳбарӣ намуд. Ҳайати Швейтсарияро Роҳбари самти музокироти идораи Федералии авиатсияи граждании Швейтсария Лоран Ноэл роҳбарӣ намуд. Дар гуфтушунидҳо намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоии Қазоқистон ва Швейтсария, фурудгоҳи Базел, инчунин Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон ва сафорати Швейтсария иштирок намуданд.

Ҷонибҳо дурнамои рушди алоқаи мустақими ҳавоӣ ва масъалаҳои амалии кушодани хатсайрҳои навро муҳокима намуданд. Дар натиҷаи гуфтушунидҳо матни лоиҳаи Созишномаи алоқаи ҳавоӣ барои имзои минбаъда низ мувофиқа ва пешакӣ имзо намуда шуд. Ин санад заминаи навшудаи ҳуқуқиро барои рушди минбаъдаи алоқаи ҳавоӣ байни ду кишвар ташкил медиҳад.

Ҷониби Швейтсария хабар дод, ки дар рушди алоқаи мустақими ҳавоӣ дурнамо мебинад ва имкони кушодани парвозҳои мунтазамро ба Қазоқистон баррасӣ мекунад.

Аксҳо: Вазорати нақлиёти ҶҚ