Қазоқистон  ва  Полша  самтҳои  нави  ҳамкориро  баррасӣ  намуданд - ИА Караван Инфо
Қазоқистон  ва  Полша  самтҳои  нави  ҳамкориро  баррасӣ  намуданд

Остона, 24 сентябри соли 2026-АИ Караван Инфо. Муовини вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Арман Исетов бо ҳайати Полша бо роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷӣ Войсех Зайончковский ва муовини вазири иқлим ва муҳити зист Кшиштоф Галос мулоқот намуд. Ҷонибҳо ҳамкории дуҷонибаи сиёсӣ, тиҷоратӣ-сармоягузорӣ ва фарҳангӣ-гуманитарӣ, инчунин ҳамкорӣ дар доираи сохторҳои бисёрҷонибаро баррасӣ намуданд.

Ба густариши ҳамкорӣ дар самтҳои ояндадор, ки барои амиқ намудани шарикии мутақобилан судманд, аз ҷумла дар соҳаи геология ва захираҳои минералӣ ва ашеи хом иқтидори назаррас доранд, диққати махсус дода шуд. Дар натиҷаи гуфтушунидҳо ба мувофиқа расиданд, ки кори муштаракро барои амиқ намудани муколамаи мутақобилан судманд байни Остона ва Варшава идома диҳанд.

Аксҳо: ВКХ–и ҶҚ