Дар Душанбе кишварҳои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ густариши ҳамкориҳои саноатӣ ва робитаҳои истеҳсолиро баррасӣ карданд - ИА Караван Инфо
Дар Душанбе кишварҳои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ густариши ҳамкориҳои саноатӣ ва робитаҳои истеҳсолиро баррасӣ карданд

Душанбе, 25 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар шаҳри Душанбе Чорумин вохӯрии вазирони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (СҲИ) оид ба саноат баргузор гардид, ки намояндагони давлатҳои узви созмон, вазорату идораҳои соҳавӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, муассисаҳои молиявӣ ва доираҳои соҳибкориро ба ҳам овард.

Дар меҳвари баррасӣ масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои минтақавии саноатӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва навсозии технологӣ қарор гирифтанд.

Як рӯз пеш, 22 сентябр, дар Душанбе Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи коршиносони сатҳи баланди СҲИ оид ба саноат баргузор шуд. Ин мулоқоти коршиносӣ бахше аз раванди омода намудани пешниҳодҳо барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои кишварҳои узви созмон дар соҳаи саноат гардид.

Дар ҳамин рӯзҳо дар пойтахт Форуми дуюми байналмилалии нассоҷӣ низ баргузор шуда, намояндагони мақомоти давлатӣ, бахши хусусӣ, сармоягузорон ва истеҳсолкунандагони маҳсулоти нассоҷиро ба ҳам овард. Ҳамзамон баргузор шудани форуми соҳавӣ ва чорабиниҳои СҲИ имкон дод, ки масъалаҳои ҳамкориҳои байнидавлатӣ бо самтҳои мушаххаси ҳамкориҳои саноатӣ ва сармоягузорӣ пайваст карда шаванд.

Дар ҷараёни вохӯрии вазирон дурнамои фаъолсозии ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаи саноат, рушди кооператсияи истеҳсолӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ ва «сабз», дастгирии соҳибкории хурду миёна, ҷалби сармоя ва навсозии корхонаҳои саноатӣ баррасӣ гардиданд.

Ба таъсиси корхонаҳои муштарак ва кластерҳои саноатӣ, рушди робитаҳои нақлиётиву логистикӣ, ҷорӣ намудани роҳҳалҳои инноватсионӣ ва автоматикунонии истеҳсолот таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуд. Омода намудани кадрҳои соҳибтахассус ва васеъ намудани иштироки бахши хусусӣ дар татбиқи лоиҳаҳои муштарак низ аз самтҳои муҳими ҳамкорӣ номида шуданд.

Иштирокчиён бо иқтидори саноатӣ ва сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуда, имкониятҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои истихроҷи маъдан, металлургия, мошинсозӣ, саноати кимиё, нассоҷӣ, дорусозӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзиро баррасӣ карданд.

Дар ҷамъбасти вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими шарикии саноатӣ дар фазои СҲИ, рушди ташаббусҳои муштараки сармоягузорӣ ва идомаи корҳо ҷиҳати таҳияи «харитаи роҳ»-и амалии ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаи саноат тасдиқ намуданд.

Ин равиш ба гузариш аз муайян намудани афзалиятҳои умумӣ ба ташаккули механизмҳои мушаххаси ҳамкорӣ миёни сохторҳои давлатӣ, корхонаҳо, сармоягузорон ва муассисаҳои молиявии кишварҳои СҲИ равона шудааст.

АКС: Хадамоти матбуотии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон