Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд - ИА Караван Инфо
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд

Душанбе, 29 сентябр, — АИ «Корвон Иттилоот». 28 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 28 сентябр дар шаҳри Хоруғ бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд.

Дар маркази мулоқот масъалаҳои дигаргуниҳои иҷтимоиву иқтисодии ВМКБ дар солҳои соҳибистиқлолӣ, рушди саноат ва энергетика, инфрасохтору кишоварзӣ, инчунин вазифаҳои минбаъда дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ ва шуғли аҳолӣ қарор доштанд.

Дар оғози мулоқот Эмомалӣ Раҳмон сокинони вилоятро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ табрик гуфтанд. Ҳамчунин, Сарвари давлат хотираи собиқ раиси ВМКБ Алишер Мирзонаботро ба некӣ ёд карда, ба падару модар ва наздикони ӯ изҳори ҳамдардии амиқ намуданд.

Таъкид гардид, ки Алишер Мирзонабот аз ҷумлаи кадрҳое буд, ки садоқат ба давлату миллат ва муносибати масъулона ба иҷрои вазифаҳои хизматиро принсипи зиндагии худ қарор дода буд. Ба гуфтаи Президент, як қатор иншооте, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба истиқболи 35-солагии Истиқлол сохта шудаанд ва чанде аз онҳо дар ин рӯзҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, бо иштироки шахсӣ ва ташаббуси ӯ амалӣ шудаанд.

Президенти кишвар дастур доданд, ки муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи Алишер Мирзонабот гузошта шавад.

Дар суханронӣ назди роҳбарону фаъолони вилоят Сарвари давлат як қатор нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ВМКБ-ро дар даврони соҳибистиқлолӣ баён намуданд.

Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, маҷмӯи маҳсулоти вилоят дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфта, соли 2025 ба 3 миллиард сомонӣ расидааст. Шумораи аҳолӣ аз 172 ҳазор нафар дар соли 1991 то беш аз 236 ҳазор нафар расида, нисбат ба оғози соҳибистиқлолӣ 64 ҳазор нафар зиёд шудааст.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар вилоят беш аз 120 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шуда, 27 ҳазор шаҳрванд ба таври ройгон соҳиби касбу ҳунар гардидаанд. Зиёда аз 60 фоизи онҳо занону бонувон мебошанд.

Ба роҳбарияти вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва вазорату идораҳои дахлдор супориш дода шуд, ки имкониятҳои мавҷударо самаранок истифода бурда, рушди бахши хусусиро дастгирӣ намоянд, суръати рушди иқтисодиро тақвият бахшанд, ҷойҳои нави корӣ таъсис диҳанд ва барои афзоиши даромади аҳолӣ шароит фароҳам созанд.

Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ барои рушди иҷтимоиву иқтисодии ВМКБ аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст. Аз ин маблағ 9,3 миллиард сомонӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҷудо шудааст.

Ҳамзамон, дар вилоят 41 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии беш аз 4 миллиард сомонӣ амалӣ гардидааст. Ҳоло татбиқи боз 13 лоиҳа бо арзиши умумии 5,5 миллиард сомонӣ идома дорад.

Аз соли 2008 то имрӯз Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ 123 иншооти иҷтимоӣ ва маъмурӣ ба маблағи 863 миллион сомонӣ бунёд намуда, ба истифода додааст. Айни замон сохтмони боз 28 иншоот бо арзиши беш аз 1 миллиард сомонӣ идома дорад.

Бо мақсади беҳтар намудани шароити манзилии аҳолӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба беш аз 37 ҳазор оилаи вилоят 3765 гектар замин барои сохтмони манзилҳои истиқоматӣ ҷудо карда шудааст.

Дар доираи корҳои омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ сохтмон ва азнавсозии 1362 иншоот ба нақша гирифта шуда буд. То имрӯз 1545 иншоот сохта ва ба истифода дода шудааст, ки ба 113 фоизи нақша баробар мебошад.

Президенти кишвар ба сокинони вилоят, соҳибкорон ва шахсони саховатпеша барои ташаббускорӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва саҳмгузорӣ дар ободонии минтақа изҳори сипос намуданд.

Ҳоло дар ҳудуди вилоят 202 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, дар даврони соҳибистиқлолӣ беш аз 190 корхонаи нави истеҳсолӣ таъсис дода шудааст.

Ба вазорату идораҳои марбута супориш дода шуд, ки якҷо бо роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ фаъолияти худро тақвият бахшанд.

Сарвари давлат рушди саноат ва соҳибкорӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардумро бо таҳкими заминаи энергетикии минтақа алоқаманд донистанд.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои рушди энергетикаи ВМКБ беш аз 3,4 миллиард сомонӣ равона гардидааст. Дар ин самт 134 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 2,3 миллиард сомонӣ татбиқ шуда, иҷрои боз 16 лоиҳаи энергетикӣ ба маблағи тақрибан 400 миллион сомонӣ идома дорад.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки бо ташаббуси Ҳукумати кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ аввалин неругоҳи бузурги барқи обӣ — «Помир-1» сохта шуда, баъдан даҳҳо неругоҳҳои хурду миёнаи обӣ, неругоҳҳои офтобӣ, хатҳои интиқоли барқ ва зеристгоҳҳои муосир бунёд гардиданд.

Солҳои охир неругоҳҳои нави обӣ ва офтобӣ дар ноҳияҳои Мурғоб, Шуғнон, Дарвоз ва Рӯшон ба истифода дода шуда, НБО «Себзор» низ ба фаъолият оғоз кардааст.

Ба вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳру ноҳияҳо супориш дода шуд, ки барои тезонидани сохтмони иқтидорҳои нави энергетикӣ, таҷдиди шабакаҳои барқӣ ва васеъ намудани истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия чораҳои зарурӣ андешанд.

Соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ВМКБ ба 1 миллиарду 131 миллион сомонӣ расидааст, ки нисбат ба соли 2000 14 баробар зиёд мебошад.

Бо дарназардошти шароити табиӣ ва иқлимии вилоят ба роҳбарияти минтақа супориш дода шуд, ки барои истифодаи самараноки ҳар як қитъаи замини кишоварзӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

Ба масъалаи рушди инфрасохтори нақлиётӣ низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид. Президент раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ташаккули шабакаи муосири роҳҳои мошингардро аз натиҷаҳои муҳими даврони соҳибистиқлолӣ барои ВМКБ арзёбӣ карданд.

Дар соҳаи нақлиёт 13 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 2,3 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, 266 километр роҳ, 32 пул ва 2 нақб сохта ва ба истифода дода шудааст.

Дар натиҷаи татбиқи ин лоиҳаҳо қитъаҳои муҳими шоҳроҳи байналмилалии Душанбе – Кӯлоб – Қалъаихумб – Хоруғ – Мурғоб – Кулма, аз ҷумла роҳҳои Мурғоб – Кулма, Шкев – Зиғар, Шоҳон – Зиғар ва дигар роҳу пулҳои муҳим тибқи талаботи байналмилалӣ таҷдид шудаанд.

Ба масъулон супориш дода шуд, ки барои сари вақт ва бо сифати баланд татбиқ намудани лоиҳаҳои роҳсозӣ, таҷдид ва нигоҳдории роҳҳои мошингард ва пулҳо тадбирҳои мушаххас андешанд.

Дар 20 соли охир аз буҷети давлатӣ барои рушди соҳаи маорифи ВМКБ беш аз 2,3 миллиард сомонӣ равона гардидааст. Маблағҳо барои таҳкими заминаи моддиву техникии соҳа ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбия истифода шудаанд.

Маблағгузории соҳаи тандурустии вилоят низ пайваста афзоиш ёфтааст. Буҷети ин соҳа дар соли 2026 ба беш аз 206 миллион сомонӣ расонида шудааст, ки нисбат ба соли қаблӣ 22 фоиз зиёд мебошад. Дар 20 соли охир барои рушди тандурустии ВМКБ аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 1,2 миллиард сомонӣ равона шудааст.

Дар ин давра дар вилоят беш аз 280 муассисаи тандурустӣ ба маблағи умумии 370 миллион сомонӣ бунёд ва навсозӣ гардида, мавриди истифода қарор гирифтааст.

Дар фароварди мулоқот Президент зарурати идомаи корҳо дар самти рушди маориф, тандурустӣ, фарҳанг, дастгирии ҷавонону занон, сайёҳӣ ва дигар бахшҳои иҷтимоиву иқтисодиро таъкид намуданд.

Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон карданд, ки сокинони ВМКБ минбаъд низ дар рушди иқтисодӣ ва ободонии минтақа, таҳкими давлатдории миллӣ ва иқтидори иқтисодии Тоҷикистон саҳми худро хоҳанд гузошт.

Пас аз суханронии Президент омӯзгорон Гулзода Мумтоза ва Файзиддин Ализода, инчунин собиқадор Исмоил Орифшо дар назди иштирокдорони мулоқот баромад карданд. Онҳо дар бораи дастовардҳои даврони истиқлолият, рушди соҳаи маориф, дигаргуниҳои минтақа ва тадбирҳои беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ андешаронӣ намуда, барои таваҷҷуҳ ба рушди ВМКБ ба Президенти кишвар изҳори сипос карданд.

Манбаи акс: Хадамоти матбуоти