Дипломатияи обии Душанбе: Ассамблеяи парлумонии Осиё ибтикори Тоҷикистонро дар бораи арзиши тамаддунии захираҳои об бо як овоз ҷонибдорӣ намуд - ИА Караван Инфо
Дипломатияи обии Душанбе: Ассамблеяи парлумонии Осиё ибтикори Тоҷикистонро дар бораи арзиши тамаддунии захираҳои об бо як овоз ҷонибдорӣ намуд

Душанбе, 29 сентябр, — АИ «Корвон Иттилоот».  Дар пойтахти Тоҷикистон рӯйдоди муҳими дипломатияи парлумонии минтақавӣ баргузор гардид, ки гузаришро аз дарки сирф иқтисодии захираҳои об ба фаҳмиши арзиши маънавӣ ва тамаддунии онҳо таҳким бахшид.

Дар шаҳри Душанбе 28 сентябр ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё (АПО) оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ баргузор шуд. Дар анҷоми он Қатънома оид ба таҳкими фарҳанги истифодаи оқилонаи захираҳои об ҳамчун арзиши тамаддунӣ ва заминаи рушди устувор дар минтақаи Осиё бо иттифоқи оро қабул гардид. Дар ин хусус Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.

Ҳуҷҷат, ки бо ибтикори Тоҷикистон таҳия шудааст, ба силсилаи ташаббусҳои глобалии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об ва иқлим асос меёбад.

Фарқи асосии қатъномаи нав аз санадҳои қаблии байналмилалӣ дар тағйири равиш ба масъалаи об зоҳир мегардад: об аз ин пас на танҳо ҳамчун манбаи хоҷагидорӣ ё унсури ҳаётан муҳим, балки ҳамчун арзиши бунёдии маънавӣ, фарҳангӣ ва тамаддунӣ арзёбӣ мешавад, ки барои ташаккули муносибати созгори инсон бо табиат замина фароҳам меорад.

Санади қабулшуда кишварҳои аъзои АПО-ро даъват менамояд, ки ташаккули «фарҳанги об»-ро ба ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсати давлатӣ ва маърифати ҷомеа табдил диҳанд.

Қатънома равиши фарогирро барои ҷорӣ намудани меъёрҳои нави сарфаҷӯии об пешниҳод мекунад:

  1. Воридсозӣ ба низоми маориф: Пешниҳод гардидааст, ки арзишҳои муносибати ғамхорона ба об ба барномаҳои таълимии мактабҳо ва донишгоҳҳо ворид карда шуда, чорабиниҳои омузишӣ, форумҳо ва семинарҳои соҳавӣ густариш ёбанд.
  2. Нақши ҷомеа: Дар ҳуҷҷат нақши калидии ҷавонон, занон ва институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ташаккули муносибати масъулона ба об махсус таъкид шудааст.
  3. Самти илмӣ: Афзудани ҳамкории донишгоҳҳо ва марказҳои таҳқиқотии пешбари Осиё дар соҳаи захираҳои об ва экология пешниҳод гардид.
  4. Ҳифзи пиряхҳо: Таваҷҷуҳи махсус ба ҳифзи манбаъҳои оби тоза, пеш аз ҳама пиряхҳо, ҳамчун мероси муҳими табиӣ ва фарҳангӣ барои наслҳои имрӯзу оянда зоҳир шудааст.

Дар қатънома нақши муҳими ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла «Раванди оби Душанбе», ки тайи солҳои охир ба майдони самарабахши пешбурди рӯзномаи глобалии об ва таҳкими ҳамкории бисёрҷониба табдил ёфтааст, алоҳида сабт гардидааст.

Татбиқи муқаррароти қатъномаи қабулшуда таҳти назорати доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё қарор мегирад. Натиҷаҳои марҳилавӣ ва ниҳоии иҷрои санад аз ҷониби иштирокчиён дар ҷаласаҳои минбаъдаи АПО баррасӣ хоҳанд шуд.

Акс: АМИТ «Ховар»