Душанбе, 01 октябр — АИ «Корвон Иттилоот». 29-30 сентябр дар Душанбе маҷмуи чорабиниҳои байналмилалӣ бахшида ба рушди соҳаи алоқа, рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ оғоз гардид. Барномаи дурӯза то 30 сентябр идома ёфта, намояндагони мақомоти давлатӣ, сохторҳои соҳавӣ ва коршиносони кишварҳои минтақа дар он иштирок доранд.

Дар меҳмонхонаи Crowne Plaza Dushanbe ҷаласаи муштараки Шурои сарони маъмуриятҳои алоқаи Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа (ИМА) ва Шурои ҳамоҳангсози давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) оид ба иттилоотонӣ назди ИМА баргузор гардид.
Дар доираи чорабинӣ бори аввал дар Тоҷикистон Форуми минтақавии Иттиҳоди байналмилалии алоқаи барқӣ (ИБАБ) оид ба рушд барои минтақаи ИДМ баргузор мешавад. Иштирокчиён масъалаҳои муҳими рушди соҳаи алоқа, тавсеаи пайвастагии рақамӣ ва рушди зерсохтори муосири рақамиро баррасӣ менамоянд.




Дар меҳвари муҳокимаҳо ҷорӣ намудани технологияҳои нав, аз ҷумла шабакаҳои 5G, истифодаи алоқаи моҳвораӣ, рушди малакаҳои рақамӣ ва ҷалби сармоягузорӣ ба бахши рақамӣ қарор дорад. Ҳамчунин масъалаҳои амнияти киберӣ, такмили муҳити танзимгарӣ, рушди инноватсия ва истифодаи зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Иштирокчиёни форум ва ҷаласа таҷрибаи худро мубодила намуда, имкониятҳои татбиқи ташаббусҳо ва лоиҳаҳои муштаракро барои густариши шабакаҳои алоқа, баланд бардоштани дастрасӣ ба хизматрасониҳои рақамӣ ва таҳкими ҳамкории рақамии кишварҳои минтақа муҳокима мекунанд.

Баргузории чунин чорабиниҳои байналмилалӣ дар Душанбе барои баррасии масъалаҳои мубрами рушди алоқа ва рақамикунонӣ, мубодилаи таҷрибаи амалӣ ва муайян намудани самтҳои нави ҳамкории кишварҳои минтақа замина фароҳам меорад.
АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
