Сафорати русия дар Тоҷикистон стеларо бо номҳои қаҳрамонони ҷанги бузурги Ватани дар Душанбе барқарор мекунад - ИА Караван Инфо
Сафорати русия дар Тоҷикистон стеларо бо номҳои қаҳрамонони ҷанги бузурги Ватани дар Душанбе барқарор мекунад

Айни замон дар Тоҷикистон ҳамагӣ 22 нафар собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиндагӣ мекунанд, дар ҳоле ки дар моҳи майи соли ҷорӣ онҳо 26 нафар буданд. Дар моҳи январи соли 2025 дар Алеяи Шӯҳрат дар қабристони русии шаҳри Душанбе стелаи барқароршуда бо номҳои қаҳрамонони ҷанг, ки дар ин қабристон дафн шудаанд, расман ифтитоҳ мегардад. Дар ин бора сафири Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Семён Григорев дар суханронии худ 27 сентябр дар конфронси илмӣ-торихӣ, ки ба 80-умин солгарди Ғалабаи халқи шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бахшида шуда буд, хабар дод.

    «Мо дар якҷоягӣ бо дӯстони тоҷик ва бо 201-умин пойгоҳи низомии Русия қабрҳои собиқадоронро дар Душанбе нигоҳубин мекунем. Метавонам эълон кунам, ки дар моҳи январ стелаи барқароршуда дар Алеяи Шӯҳрати қабристони русӣ бо номҳои қаҳрамонони ҷанг кушода мешавад», — гуфт сафир.

    Семён Григорев инчунин ёдовар шуд, ки дар солҳои ҷанг дар Тоҷикистон 29 беморхонаи эвакуатсионӣ таъсис ёфта буданд, ки дар онҳо сарбозони Артиши Сурх табобат мегирифтанд. Вай ҳамчунин саҳми Тоҷикистонро дар ғалаба қадр намуда, афзуд «Мо саҳми Тоҷикистонро дар Ғалабаи Бузург баланд арзёбӣ мекунем. Имрӯз мо бори дигар нақши қаҳрамонони майдони ҷанг ва онҳое, ки дар ақибгоҳ бо корнамоиҳои худ ширкат доштанд, ёдоварӣ мекунем.»

    Дар конфронс инчунин муовини сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, муовини вазири мудофиаи ҷумҳурӣ Музаффар Раҳимзода, роҳбари намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон Алексей Патрушев, намояндагони 201-умин пойгоҳи низомии Русия, кормандони донишгоҳҳои Русия дар Тоҷикистон, мактаби миёнаи ба номи Гагарин, сарбозони байналмилалист ва собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок доштанд.

    Меҳмонони аксияи байналмилалии «Москва – пойтахти Ғалабаи Бузург хотираи наслҳо» низ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карданд. Онҳо собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватаниро дар Тоҷикистон аёдат карданд ва ба онҳо медалҳои ёдбуд ва дипломҳо аз Иттиҳоди байналмилалии «Ҳамкории ташкилотҳои ҷамъиятии собиқадорон (нафақахӯрон)-и давлатҳои мустақил» супориданд.

    Дар айни ҳол, дар байни собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд дар Душанбе – 3 нафар, дар вилояти Суғд – 5 нафар, дар вилояти Хатлон – 9 нафар ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 5 нафар мебошанд.

    Манбаъ: Ширин Раҳмонова, Asia-Plus

    error: