«Dushanbe International Tourism Exhibition -2024:: пойтахти Тоҷикистон дар маркази таваҷҷуҳи сайёҳони ҷаҳонӣ – ИА Караван Инфо
«Dushanbe International Tourism Exhibition -2024:: пойтахти Тоҷикистон дар маркази таваҷҷуҳи сайёҳони ҷаҳонӣ

Намоишгоҳи якуми байналмилалии сайёҳии «Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе» (DITE-2024) рӯзи 26  сентябр дар Маркази намоишгоҳи байналмилалии Душанбе Экспо ифтитоҳ гардид. Он ба  Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ бахшида шуда буд.  Чорабинӣ  бо ташаббуси Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ баргузор гардида, дар рушди иқтидори сайёҳии кишвар марҳалаи муҳиме гардид.

Ифтитоҳи расмӣ бо иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти шаҳрдорӣ, дипломатҳо ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ сурат гирифт. Ҳамчунин роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ, ширкатҳои ҳавопаймоӣ, меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо, намояндагони соҳаҳои ҳунармандӣ ва муассисаҳои тиббӣ ҳузур доштанд.

Тавре раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Мӯъминзод ба хабарнигори «Корвон – Инфо» қайд кард, анъанаҳои бостонии мо, урфу одат, фарҳанг, кӯҳҳои баланд, пиряхҳо, сарчашмаҳои оби тозаву муссафо, олами набототу ҳайвоноти нотакрор рушди соҳаи сайёҳиро дар Тоҷикистон  муаррифӣ мекунанд. Сайёҳӣ манбаи муҳими рушди иҷтимоию иқтисодӣ буда, ба баланд шудани некӯаҳволии аҳолии ҷумҳурӣ мусоидат намуда, рушди дигар соҳаҳои иқтисодиётро таъмин ва ба паҳншавии фарҳанги миллии халқи тоҷик дар тамоми ҷаҳон замина мегузорад.  Ҳукумати ҷумҳурӣ барои рушди сайёҳӣ заминаи мусоид гузошта, сармоягузорони гуногуни байналмилалиро ҷалб мекунад ва  лоиҳаҳои зиёд амалӣ мешаванд», – афзуд Камолиддин Мӯъминзод.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ қайд кард: «Дар доираи яке аз лоиҳаҳо бо иштироки Агентии машваратии Аврупо ва ширкатҳои машваратӣ нақшаи генералии рушди сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе таҳия гардид. Қарор аст, моҳи ноябри соли ҷорӣ он ба анҷом расад. Бар асоси ин нақшаи генералӣ соҳаи сайёҳӣ бо истифода аз лоиҳаҳои гуногун дар шаҳри Душанбе минбаъд такмил ва рушд хоҳад ёфт. Ҳоло барои муаррифии Тоҷикистон дар тамоми ҷаҳон чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор мешаванд».

Дар намоишгоҳ ширкатҳои пешқадами сайёҳии Тоҷикистон ва шаҳри Душанбе, инчунин бародаршаҳрҳо ва шарикони он ширкат намуданд. Онҳо иқтидори сайёҳии худро, аз ҷумла тиҷорати меҳмонхонаву тарабхонаҳо, муассисаҳои тиббию тандурустӣ ва мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ муаррифӣ намуданд.

Яке аз ҷанбаҳои асосии DITE-2024 таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ буд. Директори ширкати «Worldwide Travel» аз Узбекистон  Ҳасан Миралиев сатҳи баланди ташкили намоишгоҳ ва анҷуманро қайд намуда, аз фазои Душанбе ва самимияти сокинони он изҳори хушнудӣ кард. «Форум ба як платформаи беҳтарин барои табодули таҷриба ва барқарор кардани робитаҳои нави корӣ табдил ёфтааст. Минтақа барои рушди сайёҳӣ имкониятҳои бузург дорад», – таъкид кард ӯ.

Директори маркази сайёҳии Минск Алексей Русакевич низ чунин таассурот баён карда, аҳамияти таҳкими робитаҳои бародаршаҳрҳои Душанбе ва Минскро қайд кард. Вай изҳори итминон кард, ки тарҳҳои муштараки сайёҳӣ ва табодули таҷриба гардиши мутақобилаи сайёҳон байни кишварҳоро афзоиш хоҳад дод.

Чорабинии мазкур дар ҳамкорӣ бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкатҳои сайёҳии «Сомон Трэвел», «Кинг Тур» ва «Диёр Трэвел» баргузор гардид. Ҳадафи асосӣ ҷалби сармояи хориҷӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва таҳкими шарикии ширкатҳои сайёҳӣ мебошад.

Дар доираи намоишгоҳ барои меҳмонон сайру саёҳати шомгоҳӣ ба ҷойҳои таърихиву фарҳангии шаҳри Душанбе, инчунин дар дуввумин рузи намоишгоҳ барномаҳои фарҳангию фароғатӣ ташкил карда шуд, ки ба иштирокчиён имкон дод, ки бо мероси ғании Тоҷикистон ошно шаванд.

Ба гуфтаи директори ширкати «Саёҳати диёр» Саъдӣ Тоҳирзода, баргузории DITE-2024 як қадами муҳим барои таҳкими соҳаи сайёҳӣ мебошад. «Намоишгоҳ беҳтарин намояндагони соҳаро гирди ҳам овард, ки ба ҳамкории шабакавӣ ва таҳияи муштараки стратегияҳои сайёҳӣ мусоидат мекунад», – қайд кард ӯ.

Ба шарофати истиқлолияту озодӣ заҳматҳои беандозаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи сайёҳӣ ба таври бесобиқа рушд карда, иқтидори сайёҳии кишвар ба таври намоён ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ мегардад.  

Душанбе ҳамчун пойтахти Тоҷикистон симои миллати тоҷиконро муаррифӣ мекунад, он дарвозаи асосии вуруди меҳмонону сайёҳон ба кишвар буда, сатҳу сифати хизматрасонӣ ба субъектҳои сайёҳӣ на танҳо дар рушди сайёҳӣ нақши муҳим мебозад, балки дар баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистон ва муаррифии шоистаи дастовардхои кишвар дар сатҳи байналмилалӣ нақши бориз дорад.

Бо таваҷҷуҳу талошҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ соли 2018 шаҳри Душанбе аъзои Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои сайёҳӣ (WTCF) гардида, тибқи назарсанҷии Агентии иттилоотии «Турстат»-и Федератсияи Русия ба даҳгонаи шаҳрҳои амнтарини мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, шаҳри муносиб дар айёми баҳор барои сайёҳӣ ва ба даҳгонаи беҳтарин шаҳри саёҳат ва сафари шабона ворид гардид.

Аз 3 октябри соли 2019 шаҳри Душанбе бо қарори Шурои вазирони сайёҳии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ солҳои 2020-2021 ҳамчун пойтахти сайёҳии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва аз 28 сентябри соли 2018 бо қарори Шурои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соли 2021 пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон карда шуд.

DITE-2024 на танҳо як қадами муҳим барои сайёҳӣ дар Тоҷикистон, балки платформаи байналмилалӣ низ мебошад, ки барои ҷалби сайёҳон ва сармоягузорон имкониятҳои навро фароҳам меорад, то фарҳанг ва сарватҳои табиии кишварро намоиш дода,  мақоми онро ҳамчун як макони дурнамои сайёҳӣ таҳким бахшад.

АКС: «Корвон-Инфо»

error: