Қазоқистон ва Исроил ҳамкориҳои тиҷоратиро баррасӣ хоҳанд намуд
Остона, 5 октябри соли 2026-АИ Караван Инфо. Муовини вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Арман Исагалиев бо сафири Давлати Исроил дар Қазоқистон Йоав Бистритский мулоқот намуд. Ҷонибҳо масъалаҳои мубрами рӯзномаи дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ намуданд.

Яке аз самтҳои афзалиятнок таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ мебошад. Дар робита ба ин, рӯзномаи ҷаласаи комиссияи Муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, ки соли ҷорӣ баргузор мешавад, баррасӣ гардид. Дар натиҷаи вохӯрӣ ба мувофиқа расиданд, ки корҳо оид ба рушди шарикӣ дар соҳаҳои технологияҳои иттилоотӣ, кишоварзӣ ва инноватсия фаъол намуда шаванд.
Аксҳо: ВКХ ҶҚ
