Дар вилояти Суғд ба муносибати Рӯзи омӯзгор намояндагони беҳтарини соҳаи маориф қадрдонӣ шуданд - ИА Караван Инфо
Дар вилояти Суғд ба муносибати Рӯзи омӯзгор намояндагони беҳтарини соҳаи маориф қадрдонӣ шуданд

Душанбе, 6 октябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар вилояти Суғд ба муносибати Рӯзи омӯзгор маросими тантанавии қадрдонии омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф баргузор гардид.

Чорабинӣ 1 октябр дар тарабхонаи «Шоҳ»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ташаббуси Раёсати маорифи вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илми вилоят доир шуда, дар он муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ ва зиёда аз 200 нафар омӯзгор, собиқадори соҳа, омӯзгорони пешқадам ва навовар иштирок намуданд.

Зимни чорабинӣ нақши омӯзгор дар таълиму тарбияи насли наврас, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва рушди низоми маориф муҳим арзёбӣ гардид. Таъкид шуд, ки дониш ва таҷрибаи касбӣ, масъулиятшиносӣ ва садоқати омӯзгорон ба касб аз омилҳои муҳими ташаккули насли босаводу соҳибмаърифат ва рушди минбаъдаи ҷомеа ба ҳисоб мераванд.

Дар чорабинӣ инчунин аҳамияти дастгирии пайвастаи соҳаи маориф аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардид. Ин сиёсат ба баланд бардоштани мақоми омӯзгор, беҳтар намудани шароити фаъолияти кормандони соҳа ва такмили минбаъдаи низоми маориф равона шудааст. Дар ин замина фаъолияти вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро зикр гардид.

Қисми асосии чорабинӣ ба қадрдонии омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф барои фаъолияти пурсамар ва саҳми онҳо дар рушди соҳа бахшида шуд.

Як қатор намояндагони соҳаи маориф бо нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маорифи вилояти Суғд ва сипосномаи сардори Раёсати маорифи вилоят сарфароз гардиданд.

Ҳамчунин ба иштирокчиёни чорабинӣ туҳфаҳои Раиси вилояти Суғд тақдим гардида, собиқадорони соҳа ба муносибати хизматҳои бисёрсола ва саҳми онҳо дар рушди маориф бо мукофотпулиҳои яквақта қадрдонӣ шуданд.

Баргузории чунин чорабиниҳо дар доираи тадбирҳои дастгирии омӯзгорон ва баланд бардоштани мақоми касби омӯзгорӣ аҳамияти муҳим дорад. Қадрдонии дастовардҳои касбии мутахассисони таҷрибадор ва ҳавасманд намудани омӯзгорони фаъол барои таҳкими мавқеи касби омӯзгорӣ ва беҳтар намудани натиҷаҳои таълимӣ мусоидат мекунад.

Чорабинии тантанавӣ дар фазои эҳтиром ва сипосгузорӣ ба намояндагони соҳаи маориф анҷом ёфта, нақши омӯзгоронро дар таълиму тарбияи насли наврас ва рушди низоми маориф бозгӯ намуд.

ФОТО: Раёсати маорифи вилояти Суғд