Тоҷикони Русияи нав - ИА Караван Инфо
Тоҷикони Русияи нав

(Дар ҳошияи интихоботи Думаи давлатии Федератсияи Русия барои даъвати IX)

Лаҳзаҳое ҳастанд, ки инсон онҳоро то охири умр ба ёд меорад. Масалан, рӯзе, ки бори нахуст бо шиносномаи русӣ ба ҳавзаи интихоботӣ меравад. Барои яке ин танҳо як амали муқаррарии шаҳрвандист, барои дигаре эҳсоси масъулияти нав ва ҳисси мансубият ба кишварест, ки худ акнун бахше аз ҷомеаи он шудааст.

Моҳи сентябри соли 2026, аз 18 то 20 сентябр, чунин одамон кам набуданд. Дар миёни онҳо шаҳрвандони Русия аз табори тоҷик низ буданд — одамоне бо синну сол ва сарнавиштҳои гуногун. Бархе солҳост дар Русия зиндагӣ мекунанд, бархе дар ҳамин кишвар ба дунё омадаанд ва бархи дигаре замоне ҳамроҳи падару модарашон ба Русия омада, тадриҷан ба бахше аз ҷомеаи ин кишвар табдил ёфтаанд.

То чанде пеш дар фазои иҷтимоии Русия тоҷикро бештар ба унвони шахсе тасаввур мекарданд, ки барои кору дарёфти рӯзӣ ба ин кишвар омадааст: сохтмончӣ, фурӯшанда, ронанда ё коргар. Ин тасвир он қадар устувор буд, ки гоҳе худи инсон пушти он гум мешуд — таҳсилоташ, касбаш, хонаводааш ва саргузашти шахсиаш. Аммо зиндагӣ, маъмулан, аз тасаввуроти қолабӣ печидатар аст.

Бисёре аз онҳое, ки замоне ба ҷустуҷӯи кор ба Русия омада буданд, бо гузашти вақт шаҳрвандони ин кишвар шуданд, дар ин ҷо оила барпо карданд, таҳсил гирифтанд, ба шуғли соҳибкорӣ даст заданд ва сарнавишти фарзандони худро бо ин кишвар пайванд доданд.

Бо гирифтани шаҳрвандӣ мақоми иҷтимоии инсон низ тағйир меёбад. Акнун танҳо шиноснома ба даст намеояд, балки ҳуқуқҳои нав ва дар баробари онҳо масъулиятҳои нав низ ба миён меоянд. Аз ҷумла, иштирок дар ҳаёти сиёсии кишвар.

Барои бисёриҳо интихобот аз ҳамин нигоҳ аввалин нуқтаи мушаххаси иртибот бо давлат мегардад — на ҳамчун макони зист ё фаъолияти корӣ, балки ҳамчун кишвари худӣ.

Дақиқ муайян кардани шумораи шаҳрвандони Русия аз табори тоҷик, ки дар раъйдиҳии моҳи сентябр ширкат кардаанд, имконнопазир аст.

Омори интихоботӣ бар асоси мансубияти миллӣ ҷамъоварӣ намешавад. Барӯйхатгирии аҳолии соли 2020 беш аз 350 ҳазор нафарро сабт кардааст, ки худро тоҷик номидаанд. Аммо ин рақам ҳамаи шаҳрвандони Русия аз табори тоҷикро фаро намегирад: бархе мансубияти миллии дигарро нишон додаанд ва бархеи дигар умуман онро сабт накардаанд.

Аммо, шояд дар ин ҷо худи омор масъалаи муҳим ва калидӣ  набошад. Дар варақаи интихоботӣ сутуне барои нишон додани мансубияти миллӣ вуҷуд надорад. Инсон дар назди қонун ва дар раванди раъйдиҳӣ пеш аз ҳама ҳамчун шаҳрванд ҳузур дорад. Шояд маҳз дар ҳамин ҷо яке аз вижагиҳои ҳувияти нави ӯ таҷассум меёбад — ҳифзи решаҳои хеш дар баробари эҳсоси худ ҳамчун бахше аз ҷомеаи Русия.

Интихобот аз нигоҳи нозирон

Дар рӯзҳои баргузории интихобот дар шаҳри Санкт-Петербург раиси гурӯҳи нозирони байналмилалӣ аз Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, раиси Кумита оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва қонуният дар Маҷлиси миллии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Маҳмадулло Ватанзода ҳузур дошт.

Барои Тоҷикистон иштироки ҳайати нозирон дар раванди назорат бар интихоботи Русия танҳо ҷанбаи протоколӣ надошт. Дар Русия ҷомеаи бузурги тоҷикон зиндагӣ мекунад ва бисёре аз намояндагони он шаҳрвандии Русияро доранд ва бевосита дар ҳаёти иҷтимоии ин кишвар иштирок мекунанд.

Ба арзёбии иштирокдорони ҳайати нозирон, раванди интихобот ва маъракаи парлумонӣ мутобиқи меъёрҳои муқарраршуда ташкил ва баргузор гардид.

Ба гуфтаи намояндагони ҷомеаи тоҷикон, дар ҳавзаҳои интихоботӣ дар маҷмӯъ фазои орому осуда ҳукмфармо буд. Барои худи интихобкунандагон муҳимтар аз баҳсҳои сиёсӣ, масъалаҳои комилан мушаххас буданд: имкони ба ҳавзаи интихоботӣ омадан, раъй додан ва сипас ба зиндагии одии худ баргаштан.

Дар ҷараёни мулоқотҳо бо намояндагони ҷомеаҳо ҳамчунин даъватҳо садо доданд, ки аз ҳар гуна иғво пешгирӣ карда шавад ва ихтилофоти сиёсӣ ба муносибатҳои байни миллатҳо кашонида нашавад.

«Мо дигар бахше аз ин кишвар ҳастем»

Дар бораи он ки муносибати тоҷикон ба шаҳрвандии Русия чӣ гуна тағйир меёбад, бо роҳбари Ҷамъияти тоҷикони вилояти Твер Муким Майбалиев суҳбат кардам. Суҳбати мо зуд аз доираи мавзӯи интихобот берун рафт. Беш аз ҳама дар бораи одамон суҳбат кардем, дар бораи онҳое, ки замоне барои кор ба Русия омада буданд ва дар бораи наслҳое, ки аллакай дар ҳамин кишвар ба дунё омадаанд.

Ба гуфтаи Майбалиев, шаҳрвандони Русия аз табори тоҷик ҳарчи бештар дар ҳаёти иҷтимоии кишвар фаъолона иштирок мекунанд. Ин тағйирот, бахусус, дар миёни ҷавононе бештар ба назар мерасад, ки дар шаҳрҳои Русия ба воя расидаанд, дар ҳамин ҷо мактаб ё донишгоҳро хатм кардаанд ва Русияро дигар ҳамчун макони муваққатии будубоши падару модаронашон не, балки ҳамчун муҳити маъмули зиндагии худ қабул мекунанд.

Дар ин насл омезиши ду фарҳанг ба таври равшан эҳсос мешавад. Дар хона забони тоҷикӣ, суннатҳои хонаводагӣ, эҳтиром ба калонсолон, ғизо, мусиқӣ ва хотираи зодгоҳҳо боқӣ мемонад. Дар мактаб, донишгоҳ ва муҳити корӣ бошад, забони русӣ, муҳити таҳсилу касбии Русия, дӯстону ҳамкорони миллатҳои гуногун ҳузур дорад. Барои як ҷавони чунин насл ҳамаи ин дигар ду ҷаҳони ҷудогона нест, балки як зиндагинома аст.

Майбалиев як ҷумлаи содда гуфт, ки шояд бештар аз бисёре аз таъбирҳои расмӣ муносибати бахше аз ҷомеаро ба шаҳрвандӣ баён мекунад: «Агар мо шаҳрвандии Русияро қабул карда бошем, пас бояд қонунҳои онро риоя кунем ва барои ободии ҳамин кишвар заҳмат кашем».

Дар ин суханҳо чизи ғайриодие нест. Аммо маҳз соддагии онҳо онҳоро қобили таваҷҷуҳ мекунад. Шаҳрвандӣ ҳуқуқ аст, аммо ҳамзамон масъулият низ ҳаст. Ва масъулият аз корҳои одии рӯзмарра оғоз мешавад: риояи қонун, кор кардан, тарбияи фарзандон, пардохти андозҳо, иштирок дар ҳаёти шаҳр ва кишвар.

Ба гуфтаи Майбалиев, ҷомеаи тоҷикони вилояти Твер кайҳост бо мақомоти минтақавӣ робитаҳои корӣ дорад ва дар ҳалли масъалаҳои марбут ба зиндагии ҷомеаи маҳаллӣ иштирок мекунад.

Насле, ки дар Русия ба воя расидааст

Мушоҳидаи зиндагии онҳое, ки дар кӯдакӣ ба Русия омадаанд ё аллакай дар ҳамин ҷо ба дунё омадаанд, махсусан ҷолиб аст. Онҳо дар мактабҳо ва донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд, ба забони русӣ ҳарф мезананд, касби худро дар ҳамин кишвар интихоб мекунанд ва фаъолияти меҳнатиашонро низ дар ҳамин ҷо бунёд мегузоранд. Дар айни ҳол, муҳити хонаводагӣ иртиботи онҳоро бо фарҳанги тоҷикӣ ҳифз мекунад.

Як ҷавони чунин насл метавонад дӯстони рус дошта бошад, дар хонаводаи тоҷик ба воя расида бошад, соҳиби дипломи русӣ бошад ва ҳамзамон хотираи Тоҷикистонро дар дил нигоҳ дорад — кишваре, ки падару модар ё бобову бибиҳояш дар он ба дунё омадаанд.

Дар ин ҳеҷ зиддияте вуҷуд надорад. Хотираи фарҳангӣ ҳатман бо кӯчидан ба кишвари дигар аз байн намеравад, ҳамон гуна ки мансубияти шаҳрвандӣ низ табори инсонро бекор намекунад. Баръакс, бо гузашти вақт ин ду ҷанба метавонанд ба таври табиӣ бо ҳам пайванд ёбанд.

Аз ҳамин муҳит акнун табибону муҳандисон, устодону соҳибкорон, ҳуқуқшиносону рӯзноманигорон, варзишгарон ва мутахассисони соҳаҳои гуногун ба майдони ҷомеа ворид мешаванд. Ҳузури онҳо дар ҳаёти иҷтимоии Русия ҳарчи бештар на аз рӯйи табор, балки бар асоси касбу кор ва натиҷаи фаъолияти онҳо арзёбӣ мешавад. Шояд ин равшантарин нишонаи ба камол расидани ҷомеа бошад.

Аз мутобиқшавии иҷтимоӣ то шаҳрвандӣ

Ҳанӯз барвақт аст, ки дар бораи намояндагии густурдаи сиёсии шаҳрвандони Русия аз табори тоҷик сухан бигӯем. Омори муназзам дар бораи таркиби миллии номзадҳо ва вакилони интихобшуда дар сатҳҳои минтақавӣ ва маҳаллӣ вуҷуд надорад.

Бо ин ҳол, ба Думаи давлатии даъвати нав бори дигар Раҳим Азимов — зодаи Шӯроб, шаҳрванди Русия бо решаҳои тоҷикӣ, ки фаъолияти сиёсиашро дар ҳамин кишвар шакл додааст, интихоб шуд.

Зиндагинома ва фаъолияти сиёсии ӯ ба маънои муайян ҳамон равандеро инъикос мекунад, ки дар дохили худи ҷомеа низ ҷараён дорад: мансубияти миллӣ бахше аз таърихи шахсии инсон боқӣ мемонад, аммо зиндагии иҷтимоӣ ва фаъолияти касбӣ аллакай дар доираи низоми Русия шакл мегирад. Бо вуҷуди ин, аҳамияти тағйироти имрӯз баамалоянда танҳо ба як мандати вакилӣ маҳдуд намешавад.

Имрӯз дар миёни шаҳрвандони Русия аз миллати тоҷик олимону омӯзгорон, табибону соҳибкорон, муҳандисону сохтмончиён, аҳли фарҳанг, рӯзноманигорону варзишгарон ҳузур доранд. Саргузашти онҳо гуногун аст, ҳамон гуна ки сарнавишти миллионҳо сокини Русия имрӯз гуногун мебошад.

Аммо як нукта беш аз пеш онҳоро ба ҳам мепайвандад: онҳо худро одамони «беруна» намедонанд. Барои бисёре аз онҳо Русия кишварест, ки дар он зиндагӣ мекунанд, кор мекунанд, фарзандонашонро ба воя мерасонанд ва ояндаи худро месозанд. Ва шояд ҳамин муҳимтарин тағйирест, ки дар солҳои охир ба вуҷуд омадааст.

Тоҷикони Русия тадриҷан на танҳо ҳамчун бахше аз муҳоҷирати меҳнатӣ ё муҳити ҷамъиятӣ, балки ҳамчун бахше аз худи ҷомеаи Русия бештар ба назар мерасанд, яъне бо решаҳои фарҳангӣ, таҷрибаи ҳирфаӣ ва масъулияти шаҳрвандии худ.

Муаллиф: Бахтиёр Ҳамдамов

АКС: пешниҳоднамудаи муаллиф