Ҳайати Тоҷикистон бо 13 варзишгар дар шаш намуди варзиш ба Бозиҳои V Параосиёӣ сафар мекунад - ИА Караван Инфо
Ҳайати Тоҷикистон бо 13 варзишгар дар шаш намуди варзиш ба Бозиҳои V Параосиёӣ сафар мекунад

Душанбе, 9 октябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии кишвар ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид. Ба ҳайати Тоҷикистон 24 нафар, аз ҷумла 13 варзишгар, панҷ мураббӣ ва шаш намояндаи расмӣ шомил буда, варзишгарони тоҷик дар шаш намуди варзиш барои ҳимояи шарафи варзишии кишвар ва ба даст овардани натиҷаҳои арзанда мубориза хоҳанд бурд.

Дар маросим раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода ва президенти Кумитаи паралимпии Тоҷикистон Маҳмуд Амонзода иштирок намуданд.

Тибқи иттилои Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон, барои иштироки сазовори ҳайати кишвар дар мусобиқа корҳои зарурии ташкилию омодагӣ анҷом дода шудаанд. Аз ҷумла, масъалаҳои аккредитатсияи ҳайат, тасдиқи иштироки варзишгарон аз ҷониби федератсияҳои байналмилалӣ, мутобиқат ба талаботи тахассусӣ ва риояи квотаҳои муқарраргардида ҳаллу фасл шудаанд.

Таваҷҷуҳи махсус ба таъмини шароити зарурӣ барои сафари ҳайат равона гардидааст. Барои иштирокчиён дар меҳмонхонаҳои пешбинишудаи шаҳри Нагояи Ҷопон шароити зарурии ҷойгиркунӣ ва таъмини ғизо муҳайё карда шудааст. Ҳамаи варзишгарон ва дигар иштирокчиёни интихобшуда бо чиптаҳои ҳавопаймо, кортҳои аккредитатсионӣ, либоси ягонаи варзишӣ, либоси расмӣ ва лавозимоти зарурӣ таъмин шудаанд.

Миқёси корҳои анҷомдодашуда нишон медиҳад, ки иштироки Тоҷикистон дар Бозиҳои Параосиёӣ на танҳо ҳамчун як чорабинии варзишӣ, балки ҳамчун раванди мураккаби ташкилию байналмилалӣ арзёбӣ мешавад, ки омодагии пешакӣ барои аккредитатсия, таъмини логистика ва риояи талаботи низомномаи мусобиқаҳоро тақозо мекунад.

Сафарбарии ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии Тоҷикистон аз 10 октябри соли 2026 оғоз гардида, то нимаи дуюми моҳи октябр идома меёбад. Тибқи ҷадвали тасдиқшуда, сафар ва бозгашти ҳайат тавассути Ҷумҳурии Мардумии Чин ба роҳ монда мешавад.

Барои варзишгарони тоҷик мусобиқаи дарпешистода имкони муҳими санҷиши сатҳи омодагӣ дар шароити рақобати байналмилалӣ ва мубориза барои натиҷаҳои арзанда мебошад. Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар шаш намуди варзиш ҳамзамон доираи иштироки кишварро дар арсаи варзишии қитъавӣ васеъ менамояд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии Тоҷикистон дар Бозиҳои V Параосиёӣ баромади муваффақ, иродаи қавӣ, боварӣ ба неруи худ ва пирӯзиҳои арзанда таманно карда шуд.

АКС: Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон