Қазоқистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар соҳаи энергетика, технология ва иқтисоди "сабз" тақвият медиҳанд - ИА Караван Инфо
Қазоқистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар соҳаи энергетика, технология ва иқтисоди "сабз" тақвият медиҳанд

Остона, 09 октябри соли 2026 АИ Караван Инфо. Ҷаласаи 12-уми комиссияи Байниҳукуматии Қазоқистону Бритониё оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ баргузор шуд. Ҳайати Қазоқистонро вазири экология ва захираҳои табиӣ Алибек Куантиров, Бритониёро вазири давлатии савдо Лорд Анас Сарвар роҳбарӣ намуданд.

Ҷонибҳо татбиқи Созишномаи шарикии стратегӣ ва ҳамкорӣ, инчунин дурнамои густариши робитаҳои дуҷонибаро баррасӣ намуданд. Дар байни афзалиятҳо минералҳои муҳим, энергетика, атоми осоишта ва реакторҳои модулии хурд, энергетикаи барқароршаванда, нақлиёт, зеҳни сунъӣ, рақамисозӣ ва маориф мебошанд.

Вазири экология ва захираҳои табиии ҶҚ Алибек Куантиров қайд намуд:” 35 – солагии муносибатҳои дипломатӣ марҳилаи муҳимест, ки барои таҳкими минбаъдаи шарикии Қазоқистон ва Бритониё имкониятҳои нав фароҳам меорад”.

Дар натиҷаи ҷаласа тарафҳо Протоколи ҷаласаи МПК ва изҳороти Муштаракро имзо намуданд. Инчунин нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи созишномаҳои бадастомада омода намуда мешавад.

Соли 2027 Қазоқистон ва Бритониё 35-солагии муносибатҳои дипломатиро ҷашн мегиранд.

Аксҳо: ВЭЗТ-и ҶҚ