Душанбе, 14 октябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, генерал-майор Шомиддин Шарипов, дар Форуми зиддитеррористии ИДМ–СҲШ, ки рӯзҳои 7–8 октябр дар шаҳри Минск баргузор гардид, иштирок намуд.

Дар доираи форум Конфронси чорум оид ба мубориза бо терроризм ва ифротгароии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Конфронси дувоздаҳуми байналмилалии илмӣ-амалии Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай (СМЗТ СҲШ) баргузор шуданд.
Зимни ҳамоиш иштирокчиён таҷрибаи миллии худро дар самти муқовимат ба терроризм ва ифротгароӣ мубодила намуда, масъалаҳои ташкили ҳамкориҳои байналмилалиро дар ин соҳа баррасӣ карданд. Ба таъминоти илмӣ ва таълимии фаъолияти зиддитеррористӣ, муқовимат ба маблағгузории терроризм ва ифротгароӣ, инчунин пешгирӣ ва ҷилавгирӣ аз фаъолияти иттилоотии онҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Иштирокчиён аҳаммияти форумро ҳамчун заминаи ҳамкориҳои байналмилалӣ, муколамаи ошкоро ва мубодилаи таҷрибаи пешқадам таъкид карданд.
Ҳамчунин зарурати таҳкими минбаъдаи эътимод миёни давлатҳои иштирокчии ИДМ ва давлатҳои узви СҲШ дар асоси ошкорбаёнӣ, эътимоди мутақобила ва риояи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ қайд гардид.
Дар рӯзи охирини форум иштирокчиён аз маҷмааи варзишии «Чижовка-Арена»-и шаҳри Минск ва майдони таълимии «Воловщина»-и Маркази омодасозии Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Беларус боздид намуданд.

Дар майдони таълимӣ онҳо дар чорабинии марбут ба марҳилаи ниҳоии машқҳои муштараки зиддитеррористии мақомоти салоҳиятдори давлатҳои иштирокчии ИДМ ва давлатҳои узви СҲШ таҳти унвони «Евразия-Антитеррор — 2026» иштирок карданд.
Баргузории муҳокимаҳои коршиносӣ дар баробари қисми амалии машқҳо аҳаммияти ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои дахлдор, мубодилаи таҷриба ва андешидани чораҳои мувофиқашударо дар муқовимат ба таҳдидҳои террористӣ нишон дод. Бо дарназардошти хусусияти фаромарзии чунин таҳдидҳо, ҳамкориҳои байналмилалӣ яке аз омилҳои муҳими баланд бардоштани самаранокии чораҳои муштараки амниятӣ ба ҳисоб мераванд.
Акс: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Беларус
