Қазоқистон дар семинари ЮНЕСКО оид ба мероси ҳуҷҷатӣ иштирок намуд - ИА Караван Инфо
Қазоқистон дар семинари ЮНЕСКО оид ба мероси ҳуҷҷатӣ иштирок намуд

Остона, 16 октябри соли 2026 АИ Караван Инфо. Дар Ҷакарта (Индонезия) аз 13 то 16 октябр семинари байналмилалии таълимии ЮНЕСКО (Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг) “Хотираи ҷаҳон” баргузор шуд. Қазоқистонро Роҳбари Хадамоти захираҳои иттилоотии китобхонаи Миллӣ Толкин Замзаева намояндагӣ намуд. Дар он 29 намоянда ва нозирон аз 16 кишвари минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором иштирок мекунанд.

Иштирокчиён ҳифзи мероси ҳуҷҷатӣ, омода намудани дархостҳо ва дохил намудани ҳуҷҷатҳо ба феҳристи Байналмилалии ЮНЕСКО “Хотираи ҷаҳон” – ро омӯхтанд. Ҷониби қазоқистон лоиҳаҳои ояндадори ватаниро пешниҳод намуд.

Аксҳо: Вазорати Фарҳанг ва иттилооти ҶҚ