Душанбе, 19 октябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар шаҳри Рим омодагии охирин барои кушодашавии Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир», ки ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст, ба анҷом мерасад. Ёдгориҳои нодири таърихӣ аз фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон аллакай ба Музеи тамаддуни Рим (Museo della Civiltà Romana) интиқол дода шуданд.

Рӯзи 17 октябр мутахассисони ду кишвар раванди кушодани қутиҳо, санҷиши ҳолати экспонатҳо ва насби гӯшаҳои намоишгоҳро, ки масоҳати беш аз 1000 метри мураббаъро фаро мегирад, оғоз намуданд. Ифтитоҳи расмии намоишгоҳ 20 октябр дар назар аст.
Гузаронидани чунин намоишгоҳи муҳташам дар пойтахти Италия қадами бузург дар амалисозии сиёсати хориҷии фарҳангӣ ва таҳкими муносибатҳои гуманитарӣ миёни Тоҷикистон ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо мебошад.
Дипломатияи фарҳангӣ имкон медиҳад, ки решаҳои амиқи давлатдории тоҷикон, таърихи бойи тамаддунӣ ва ҷойгоҳи нодири минтақа дар Шоҳроҳи бузурги абрешим ба ҷаҳониён муаррифӣ карда шавад.

Муаррифии бозёфтҳо дар яке аз марказҳои осорхонавии Рим на танҳо ба афзоиши таваҷҷуҳи сайёҳон ба Тоҷикистон мусоидат мекунад, балки ҳамкориҳои илмиро дар соҳаи бостоншиносӣ, нумизматика ва тармими ёдгориҳо фаъол месозад.
Экспозиция беш аз 80 бозёфти нодирро аз давраи асри V пеш аз милод то асри XX милодӣ фаро мегирад. Ҳамаи ашёи бақайдгирифташуда бозёфтҳои аслии ҳафриёти бостоншиносӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд:
Хазинаи бостоншиносӣ: Бозёфтҳои нодир аз ёдгории Тахти Сангин («Ибодатгоҳи Окс»), шоҳкориҳои санъати суғдӣ аз Панҷакенти бостонӣ (ки ба он бахши алоҳида бахшида шудааст) ва асарҳои будоӣ аз дайри Аҷинатеппа.
Коллексияи нумизматика: Маҷмӯаи нодири тангаҳои қадимӣ ва асримиёнагӣ, ки аз рушди тиҷорат ва муносибатҳои байнидавлатии минтақа шаҳодат медиҳад.

Ҳунарҳои мардумӣ ва анъанаҳо: Намунаҳои санъати амалӣ — зардӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, заргарӣ, кулолгарӣ, кандакории рӯи чӯб ва созҳои миллии мусиқӣ.
Намоишгоҳи «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ба майдони муҳими байналмилалӣ барои муаррифии таъриху тамаддун ва мероси ғайримоддии халқи тоҷик ба ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил хоҳад ёфт.
Акс: Осорхонаи миллии Тоҷикистон / АМИТ «Ховар».
