Душанбе, 19 октябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар шаҳри Ҳисор радиои «Ҳисори Шодмон» бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор, муовинони раиси шаҳр ва собиқадорони соҳаи радио расман ба фаъолият оғоз намуд.

Дар маросими ифтитоҳ бо пахши тугмаи рамзӣ ба фаъолияти радио оғоз бахшида шуд. Ин иқдом дар самти рушди фазои иттилоотӣ, инъикоси дастовардҳои шаҳр ва боз ҳам наздик намудани воситаҳои ахбори омма ба мардум қадами муҳим ба шумор меравад.
Сипас меҳмонон дар доираи сафари корӣ аз рафти татбиқи лоиҳаи муштараки «Дастгирии амалисозии Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, марҳилаи дуюм» дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13-и деҳаи Турдибобо, Ҷамоати деҳоти Дурбат дидан намуданд. Муассисаи мазкур барои 640 ҷойи нишаст пешбинӣ гардида, бунёди чунин иншооти соҳаи маориф барои фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия ва баланд бардоштани сатҳи сифати таҳсилот мусоидат менамояд.

Дар идомаи боздид раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор ба Ҷамоати деҳоти Шарора ташриф оварда, бо рафти корҳои мумфаршкунии роҳи ҷамоат шинос гардид. Таҷдиду навсозии роҳҳо яке аз самтҳои муҳими корҳои ободониву созандагӣ буда, ба беҳтар гардидани шароити ҳаракати нақлиёт ва зиндагии сокинон мусоидат мекунад.
Татбиқи чунин иқдомҳо дар баробари рушди инфрасохтори иттилоотӣ, беҳтар намудани шароити муассисаҳои таълимӣ ва ободонии роҳҳо ба пешрафти иҷтимоию иқтисодии шаҳри Ҳисор заминаи мусоид фароҳам меорад. Кушодашавии радиои худӣ имкониятҳои иттилоърасонии фаврӣ ба аҳолиро дар бораи рӯйдодҳо ва дастовардҳои маҳаллӣ васеъ мекунад ва кори параллелӣ оид ба рушди маориф ва шабакаи роҳҳо равиши ҳамаҷонибаро ба ҳалли вазифаҳои рушд дар сатҳи шаҳр нишон медиҳад.
Акс: Хадамоти матбуоти раиси шаҳри Хисор
